Ва [эй муъминон] мусалламан, [Аллоҳ таоло ин ҳукмро] дар ин китоб [Қуръон] бар шумо нозил кардааст, ки: "Чун шунидед [афроде] оёти Аллоҳро инкор мекунанд ва онро ба тамасхур мегиранд, бо онон нанишинед, то ба сухани дигар бипардозанд. [Агар бо онон биншинед] Дар ин сурат, ҳатман, шумо [низ] ҳаммонанди онон хоҳед буд". Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамаи мунофиқон ва кофиронро дар дузах гирд меоварад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
140. Албатта Аллоҳ дар китоби Қуръон, бар шумо нозил карда, ки чун бишнавед, ки оятҳои Аллоҳ инкор карда мешаванд, ё оёти вай ба тамасхур гирифта мешавад, пас нанишинед бо онон (яъне, бо мункирону тамасхуркунандагон), то
он ки ба сухани дигаре бипардозанд, ҳамоно шумо агар бинишинед ва гӯш диҳед, пас монанди он кофирон бошед. (Зеро розӣ шудан дар гуноҳ ва онро тағйир надодан мисли гуноҳ
кардан аст). Ҳамоно Аллоҳ якҷо созад мунофиқону кофиронро дар дӯзах. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/210
он ки ба сухани дигаре бипардозанд, ҳамоно шумо агар бинишинед ва гӯш диҳед, пас монанди он кофирон бошед. (Зеро розӣ шудан дар гуноҳ ва онро тағйир надодан мисли гуноҳ
кардан аст). Ҳамоно Аллоҳ якҷо созад мунофиқону кофиронро дар дӯзах. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/210
الترجمة الطاجيكية
وَقَدۡ نَزَّلَ عَلَيۡكُمۡ فِي ٱلۡكِتَٰبِ أَنۡ إِذَا سَمِعۡتُمۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ يُكۡفَرُ بِهَا وَيُسۡتَهۡزَأُ بِهَا فَلَا تَقۡعُدُواْ مَعَهُمۡ حَتَّىٰ يَخُوضُواْ فِي حَدِيثٍ غَيۡرِهِۦٓ إِنَّكُمۡ إِذٗا مِّثۡلُهُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ جَامِعُ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ وَٱلۡكَٰفِرِينَ فِي جَهَنَّمَ جَمِيعًا
Ва аз ин пеш, дар ин китоб бар шумо нозил кардаем, ки чун шунидед, касоне оёти Худоро инкор мекунанд па онро ба масхара мегиранд, бо онҳо манишинед, то он гоҳ, ки ба сухане дигар пардозанд. Вагарна шумо низ ҳамонанди онҳо хоҳед буд. Ва Худо ҳамаи мунофиқону кофиронро дар ҷаҳаннам гирд меоварад.
Tajik - Tajik translation