Пас, ба [сазои] паймоншиканишон ва инкорашон нисбат ба оёти Аллоҳ таоло ва куштори ноҳаққи онон [аз] паёмбарон [лаънаташон кардем] ва [ба хотири ин] суханашон, ки: "Дилҳои мо [ҷойи сухани ҳақ нест ва] пӯшида аст", балки Аллоҳ таоло ба хотири куфрашон бар дилҳояшон муҳр задаст. Бинобар ин ҷуз андаке имон намеоваранд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
155. Пас ба сабаби паймон шикастанашон ва кофир шуданашон ба оёти Аллоҳ ва ба ноҳақ куштани паёмбарон ва ин ки гуфтанд: «Дилҳои мо бастааст ва болояш пардаест», Аллоҳ бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст ва ҷуз каме аз онон имон намеоваранд.
الترجمة الطاجيكية
فَبِمَا نَقۡضِهِم مِّيثَٰقَهُمۡ وَكُفۡرِهِم بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَقَتۡلِهِمُ ٱلۡأَنۢبِيَآءَ بِغَيۡرِ حَقّٖ وَقَوۡلِهِمۡ قُلُوبُنَا غُلۡفُۢۚ بَلۡ طَبَعَ ٱللَّهُ عَلَيۡهَا بِكُفۡرِهِمۡ فَلَا يُؤۡمِنُونَ إِلَّا قَلِيلٗا
Пас ба сабаби паймон шикастанашон ва кофир шуданашон ба оёти Худо ва ба ноҳақ куштани паёмбарон ва ин, ки гуфтанд: «Дилҳои мо бастааст». Худо бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст ва ғайри андаке имон намеоваранд
Tajik - Tajik translation