Аммо онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, [Аллоҳ таоло] подошҳояшонро ба таври комил медиҳад ва аз фазли хеш бар онҳо меафзояд. Ва аммо онон, ки ибо карданд ва такаббур варзиданд, ба азоби дарднок азобашон мекунад ва барои худ ғайр аз Аллоҳ таоло дӯсту ёваре намеёбанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
173. Аммо онон, ки имон овардаанд ба ягонагии Аллоҳ ва корҳои нек кардаанд, ҳаққи Аллоҳ ва ҳаққи бандагонро ба ҷо оварданд, Аллоҳ аҷрашонро ба пуррагӣ хоҳад дод ва аз бузургии худ бар онон хоҳад афзуд. Аммо касонеро, ки ибову саркашӣ кардаанд, ба азобе дардовар азоб хоҳад кард ва барои худ ҷуз маъбуди барҳақ ҳеҷ дӯсте намеёбанд, ки ононро аз азоби Аллоҳ бираҳонад ва ҳеҷ ёридиҳандае ҳам намеёбанд, ки аз онон тарафдорӣ кунад. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 9/427
____________________
1. Тафсири Табарӣ 9/427
الترجمة الطاجيكية
فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ فَيُوَفِّيهِمۡ أُجُورَهُمۡ وَيَزِيدُهُم مِّن فَضۡلِهِۦۖ وَأَمَّا ٱلَّذِينَ ٱسۡتَنكَفُواْ وَٱسۡتَكۡبَرُواْ فَيُعَذِّبُهُمۡ عَذَابًا أَلِيمٗا وَلَا يَجِدُونَ لَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ وَلِيّٗا وَلَا نَصِيرٗا
Аммо онон, ки имон овардаанд ва корҳои нек кардаанд, муздашонро ба тамомӣ хоҳад дод ва аз фазли хеш бар он хоҳад афзуд. Аммо касонеро, ки ибову саркашӣ кардаанд, ба азобе дардовар азоб хоҳад кард ва барои худ ҷуз Худо ҳеҷ дӯсту ёваре нахоҳанд ёфт.
Tajik - Tajik translation