Аммо онон, ки ба Аллоҳ таоло имон оварданд ва ба он [Қуръон] тамассук ҷустанд, ҳамаро дар раҳмату фазли худ ворид хоҳад кард ва ба роҳи рост ба сӯйи хеш раҳнамун мегардонад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
175. Аммо ононро, ки ба ягонагӣ ва тамоми сифатҳои Аллоҳ имон овардаанд ва ба Ӯ эътимод ва тавассул ҷӯстаанд, ба остони фазлу раҳмати хеш медароварад (яъне, ба сӯи некиҳо муваффақ мегардонад ва аз бадиҳо боз медорад) ва ба роҳи рост (илму амал ва донистани ҳақ) ҳидоят мекунад. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\217
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\217
الترجمة الطاجيكية
فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَٱعۡتَصَمُواْ بِهِۦ فَسَيُدۡخِلُهُمۡ فِي رَحۡمَةٖ مِّنۡهُ وَفَضۡلٖ وَيَهۡدِيهِمۡ إِلَيۡهِ صِرَٰطٗا مُّسۡتَقِيمٗا
Аммо ононро, ки ба Худо имон овардаанд ва ба Ӯ тавассул ҷустаанд, ба остони фазлу раҳмати хеш дароварад ва ба роҳе рост ҳидоят кунад.
Tajik - Tajik translation