Бе гумон, касонеро, ки ба оёти мо куфр варзиданд, дар оташ [-и сӯзон] ворид хоҳем кард, ки ҳар чи пӯсташон бирён гардад, пӯстҳои дигаре ба ҷояш қарор медиҳем, то [таъми] азобро бичашанд. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шикастнопазири ҳаким аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
56. Онон, ки оёти Моро инкор кардаанд, онҳоро ба оташе, ки бузург аст ва ҳарораташ бисёр баланд аст, месӯзонем. Ҳар гоҳ ки пӯстҳояшон бисӯзад, ба ҷои он пӯстҳои дигар қарор медиҳем, то сахтарин азобро бичашанд. Ва чун куфрро ба сурати ҳамешагӣ такрор кардан чун сифат ва одати онҳо гардидааст, азоб ҳам бар онҳо такрор мешавад, то сазои баробар бо аъмоли худро бубинанд. Ҳамоно Аллоҳ азиз ва ҳаким аст.
الترجمة الطاجيكية
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِنَا سَوۡفَ نُصۡلِيهِمۡ نَارٗا كُلَّمَا نَضِجَتۡ جُلُودُهُم بَدَّلۡنَٰهُمۡ جُلُودًا غَيۡرَهَا لِيَذُوقُواْ ٱلۡعَذَابَۗ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَزِيزًا حَكِيمٗا
Ононро, ки ба оёти Мо кофир шуданд, ба оташ хоҳем андохт. Ҳар гоҳ пӯсти танашон бнпазад, пӯсте дигарашон диҳем, то азоби Худоро бичашанд. Худо пирӯзманду хаким аст!
Tajik - Tajik translation