Пас, чи гуна аст, ки вақте ба [сазои] корҳои бадашон мусибате ба онон мерасад, назди ту меоянд ва ба Аллоҳ таоло савганд ёд мекунанд, ки: "Манзури мо [аз додхоҳӣ назди дигарон чизе] ҷуз некӣ ва тавофуқ [миёни тарафайн] набудааст"?
الترجمة الطاجيكية - عارفي
62. Пас ҳоли ин гумроҳон чӣ гуна хоҳад буд, вақте ки ба сабаби гуноҳоне, ки бо дасти худ анҷом доданд ва ин ки тоғутро ҳоким қарор
доданд, ба мусибат ва балое гирифтор шаванд?! Сипас пеши ту меоянд ва барои коре, ки анҷом додаанд, узр меоранд ва ба Аллоҳ савганд мехӯранд, ки мақсади хайрхоҳӣ ва оштӣ додани ду тараф доштанд, дар ҳоле ки онон дурӯғ мегӯянд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\164

الترجمة الطاجيكية
فَكَيۡفَ إِذَآ أَصَٰبَتۡهُم مُّصِيبَةُۢ بِمَا قَدَّمَتۡ أَيۡدِيهِمۡ ثُمَّ جَآءُوكَ يَحۡلِفُونَ بِٱللَّهِ إِنۡ أَرَدۡنَآ إِلَّآ إِحۡسَٰنٗا وَتَوۡفِيقًا
Пас чӣ гуна аст, ки чун ба ҷазои корҳое, ки кардаанд, мусибате ба онҳо расад, назди ту меоянд ва ба Худо савганд мехӯранд, ки мо ҷуз эҳсону мувофиқат қасди дигаре надоштаем?
Tajik - Tajik translation