Ҳар ки аз паёмбар итоат кунад, дар хақиқат, аз Аллоҳ таоло итоат кардааст ва ҳар ки рӯйгардон шавад, [аз ӯ андуҳгин мабош, эй паёмбар, зеро Мо ҳаргиз] туро бар онон нигаҳбон [-у муроқиб] нафиристодаем
الترجمة الطاجيكية - عارفي
80. Ҳар кас итоъати Паёмбар кард, ба ростӣ, ки итоъати Аллоҳ кардааст, зеро паёмбар амр ва наҳй намекунад, магар ба амри Аллоҳ ва ваҳйи Ӯ. Ва ҳар кас аз фармонбардорӣ ва итоъати Аллоҳ ва Паёмбараш рӯй бигардонад, фақат ба худаш зарар овардааст. Ва туро ба унвони нигаҳбон бар онҳо нафиристодаем, то нигаҳбони аъмоли онҳо бошӣ, балки туро фақат ба унвони баёнкунанда фиристодаем.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/189
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/189
الترجمة الطاجيكية
مَّن يُطِعِ ٱلرَّسُولَ فَقَدۡ أَطَاعَ ٱللَّهَۖ وَمَن تَوَلَّىٰ فَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ عَلَيۡهِمۡ حَفِيظٗا
Ҳар кӣ ба паёмбар итоъат кунад, ба Худо итоъат кардааст. Ва онҳое, ки рӯй гардонанд, пас Мо туро ба нигаҳбонии онҳо нафиристодаем.
Tajik - Tajik translation