Ҳеҷ муъмине муҷоз нест [иҷозат надорад], ки муъминеро бикушад, магар ба иштибоҳ [ва беқасд]. Ва касе, ки муъминеро ба иштибоҳ бикушад, бояд як бардаи муъмин озод кунад ва хунбаҳое ба хонаводаи ӯ [ба ворисони мақтул] бипардозад, магар ин ки онҳо гузашт кунанд. Ва агар [мақтул] аз қавме бошад, ки душманони шумо ҳастанд ва [худи] ӯ муъмин аст, озод кардани як бардаи муъмин [ба унвони каффора кофӣ аст, зеро кофир аз муъмин ирс намебарад] ва агар [мақтул муъмин набошад, вале] аз қавме бошад, ки миёни шумо ва эшон паймоне барқарор аст, бояд хунбаҳое ба хонаводаи ӯ бипардозад ва як бардаи муъминро [низ] озод кунад. Ва ҳар ки [тавони молӣ надошт ё бардае барои озод кардан] наёфт, пас, [бояд] ба унвони тавбае ба даргоҳи Аллоҳ таоло ду моҳ паёпай рӯза бигирад. Ва ҳамвора Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
92. Ва ҳеҷ мӯъмине набояд мӯъминеро бикушад, магар аз рӯи хато ва ҳар кас ки мӯъминеро ба хато кушт, пас бояд бандае (гулом) мӯъминеро озод кунад ва хунбаҳое ба хонаводаи мақтул (шахси кушташуда) бипардозад (то хотирашон ором гардад), магар ки ворисони мақтул бо авф кардани хунбаҳо даргузаранд. Пас дар ин сурат хунбаҳо аз қотил (шахси кушанда) соқит мешавад. Ва агар мақтул аз гурӯҳи душманони шумо буд ва худи ӯ мӯъмин буд, пас қотил бояд бандае мӯъмине озод кунад. Ва агар аз қавме буд, ки миёни шумо ва онҳо паймон буд, бояд хунбаҳои мақтулро ба ворисони ӯ бипардозед ва як бандаи мӯъмин озод кунед. Ва ҳар кас банда наёфт ва қимати онро низ надошт, ки дар ивази банда пардохт кунад, пас бояд ду моҳ паёпай рӯза бигирад. Аллоҳ инро (ба унвони) қабули тавба муқаррар доштааст. Ва Аллоҳ доно аст ба ҳақиқати ҳоли бандагонаш ва ҳаким аст, ба он чи ки дар шариъати худ барои бандагонаш муқаррар кардааст.
الترجمة الطاجيكية
وَمَا كَانَ لِمُؤۡمِنٍ أَن يَقۡتُلَ مُؤۡمِنًا إِلَّا خَطَـٔٗاۚ وَمَن قَتَلَ مُؤۡمِنًا خَطَـٔٗا فَتَحۡرِيرُ رَقَبَةٖ مُّؤۡمِنَةٖ وَدِيَةٞ مُّسَلَّمَةٌ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦٓ إِلَّآ أَن يَصَّدَّقُواْۚ فَإِن كَانَ مِن قَوۡمٍ عَدُوّٖ لَّكُمۡ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَتَحۡرِيرُ رَقَبَةٖ مُّؤۡمِنَةٖۖ وَإِن كَانَ مِن قَوۡمِۭ بَيۡنَكُمۡ وَبَيۡنَهُم مِّيثَٰقٞ فَدِيَةٞ مُّسَلَّمَةٌ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ وَتَحۡرِيرُ رَقَبَةٖ مُّؤۡمِنَةٖۖ فَمَن لَّمۡ يَجِدۡ فَصِيَامُ شَهۡرَيۡنِ مُتَتَابِعَيۡنِ تَوۡبَةٗ مِّنَ ٱللَّهِۗ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمٗا
Ҳеҷ мӯъминеро нарасад, ки мӯъмини дигарро ҷуз ба хато бикушад. Ва ҳар кас, ки мӯьминеро ба хато бикушад, бояд ки бандае мӯъминро озод кунад ва хунбаҳояшро ба хонаводааш таслим кунад, магар он, ки хунбаҳоро бибахшанд. Ва агар кушташуда мӯъмин ва аз қавмест, ки душмани шумост, фақат бандаи мӯъминеро озод кунад ва агар аз қавмест, ки бо шумо паймон бастаанд, хунбаҳо ба хонаводааш пардохт шавад ва бандаи мӯъминеро озод кунад ва ҳар кас, ки бандае наёбад, барои тавба ду моҳ пай дар пай рӯза бигирад. Ва Худо донову ҳаким аст!
Tajik - Tajik translation