Он муъминон [-и хонанишин]-е, ки бидуни ҳеҷ беморӣ ва ранҷе аз ҷиҳод бознишастанд, бо муҷоҳидоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло бо молу ҷони худ ҷиҳод карданд, [ҳаргиз] яксон нестанд. Аллоҳ таоло касонеро, ки бо молу ҷонашон ҷиҳод карданд, бар хонанишинон ба мартабаи [бузург] бартарӣ бахшидааст ва Аллоҳ таоло бар ҳар як [аз муҷоҳидон ё хонанишинони маъзур] ваъдаи наку додааст, ва [-ле] Аллоҳ таоло муҷоҳидонро бар хонанишинон бо подоши бузург бартарӣ додааст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
95. Мӯъминони хонанишин, ки узре барои рафтан ба ҷиҳод надоранд, бо касоне, ки дар роҳи Аллоҳ бо мол ва ҷонашон ҷиҳод мекунанд, баробар нестанд. Аллоҳ касонеро, ки бо ҷону молашон ҷиҳод мекунанд, бар касоне, ки нишастаанд ва ба сабаби узрашон монеъи рафтан ба ҷиҳод шудаанд ва ба ҷиҳод нарафтаанд, бартарие қарор дода ва барояшон дар ҷаннат дараҷаҳои олиро баланд кардааст ва ба ҳар як ваъдаи некӯ додааст. Ва Аллоҳ муҷоҳидинро бар касоне, ки бознишастаанд, бо аҷри фаровон ва бузург бартарӣ додааст.
الترجمة الطاجيكية
لَّا يَسۡتَوِي ٱلۡقَٰعِدُونَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ غَيۡرُ أُوْلِي ٱلضَّرَرِ وَٱلۡمُجَٰهِدُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡۚ فَضَّلَ ٱللَّهُ ٱلۡمُجَٰهِدِينَ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡ عَلَى ٱلۡقَٰعِدِينَ دَرَجَةٗۚ وَكُلّٗا وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلۡحُسۡنَىٰۚ وَفَضَّلَ ٱللَّهُ ٱلۡمُجَٰهِدِينَ عَلَى ٱلۡقَٰعِدِينَ أَجۡرًا عَظِيمٗا
Мӯъминоне, ки бе ҳеҷ рангу осебе аз ҷанг сар метобанд, бо касоне, ки ба молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд, баробар нестанд. Худо касонеро, ки ба молу ҷони хеш ҷиҳод мекунанд, бар онон, ки аз ҷанг сар метобанд, ба дараҷоте бартарӣ додааст. Ва Худо ҳамаро ваъдаҳои некӯ додааст. Ва ҷиҳодкунандагонро бар онҳо, ки аз ҷиҳод сар метобанд, ба музде бузург фазилат додааст.
Tajik - Tajik translation