[Эй паёмбар] Агар [ҳадафи мунофиқон аз ҳамроҳӣ бо ту касби ғанимат ва ёфтани] моле дар дастрас ва сафари [осон ва] кӯтоҳ буд, ҳатман, ба дунболат меомаданд. Вале он роҳи пурмашаққати [ Шом] бар эшон дур [-у душвор] намуд ва ба зудӣ ба Аллоҳ таоло савганд хоҳанд хӯрд, ки: «Агар метавонистем, ҳатман, бо шумо раҳсипор мешудем» [Онон бо нофармонӣ ва савганди дурӯғ] худро ба ҳалокат афканданд ва Аллоҳ таоло медонад, ки онон, яқинан, дурӯғгӯ ҳастанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
42. Агар нафъи зудҳосилшаванда ва сафари осон мебуд, аз пайи ту (мунофиқон) меомаданд, вале акнун, (он чи ба он даъват мекунӣ ба баромадан ба ҷанги Табук), ки масофати роҳ ба онҳо дур намуд ва ҳаво гарм аст, паймуданашро душвор меҳисобанд. Ва ба Аллоҳ қасам мехӯранд, ки агар метавонистем, ҳамроҳи шумо берун меомадем. Инҳо тан ба ҳалокат месупоранд (бо он савганди дурӯғашон). Аллоҳ медонад, ки мунофиқон дурӯғ мегӯянд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/271
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/271
الترجمة الطاجيكية
لَوۡ كَانَ عَرَضٗا قَرِيبٗا وَسَفَرٗا قَاصِدٗا لَّٱتَّبَعُوكَ وَلَٰكِنۢ بَعُدَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلشُّقَّةُۚ وَسَيَحۡلِفُونَ بِٱللَّهِ لَوِ ٱسۡتَطَعۡنَا لَخَرَجۡنَا مَعَكُمۡ يُهۡلِكُونَ أَنفُسَهُمۡ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ إِنَّهُمۡ لَكَٰذِبُونَ
Агар матоъе даст ёфтанӣ бувад ё сафаре бувад на чандон дароз, аз паи ту меомаданд, вале акнун, ки роҳ дароз шудааст, паймуданашро душвор меҳисобанд. Ва ба Худо қасам мехӯранд, ки агар метавонистем, ҳамроҳи шумо берун меомадем. Инҳо тан ба ҳалокат месупоранд. Худо медонад, ки дурӯғ мегӯянд.
Tajik - Tajik translation