[Мунофиқон] Ба Аллоҳ таоло савганд ёд мекунанд, ки [суханони нописанде дар бораи Аллоҳ таоло ва паёмбараш] нагуфтаанд ва ба ростӣ, ки сухани куфр гуфтаанд ва пас аз Ислом оварданашон [боз] кофир шуданд [ва бо дасиса барои қатли паёмбар] тасмим ба коре гирифтанд, ки дар он муваффақ нашуданд. Ва ба айбҷӯӣ [ва мухолифат] барнахостанд, магар пас аз онки Аллоҳ таоло ва паёмбараш [бо бахшидани ғаноим] ононро аз фазли хеш бениёз карданд. Пас, агар тавба кунанд, барояшон беҳтар аст ва агар рӯй бигардонанд, Аллоҳ таоло ононро дар дунё ва охират ба азоби дарднок дучор месозад ва дар замин ҳеҷ корсозу ёваре нахоҳанд дошт
الترجمة الطاجيكية - عارفي
74. Мунофиқон ба Аллоҳ савганд мехӯранд, ки нагуфтаанд чизеро, ки Паёмбар ва мусалмонон аз он нороҳат шаванд, вале калимаи куфрро бар забон рондаанд. Ва пас аз он ки ислом оварда буданд, кофир шудаанд.
Ва бар қасд кор карданд, ки ба Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам зарарҳо оваранд, аммо ба он ноил нашуданд. Ва мунофиқон чизеро инкор накарданд, магар Аллоҳу паёмбарашро, ки аз ғаниматҳо сарватмандашон карданд. Пас, агар тавба кунанд, некиашон дар он аст ва агар рӯй гардонанд, Аллоҳ ба азоби дардноке дар дунёву охират азобашон хоҳад кард ва онҳоро дар рӯи замин на дӯстдоре хоҳад буд, ки азоби Аллоҳро аз онҳо боздорад ва на мададкоре, ки аз азоби Аллоҳ наҷоташон диҳад!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/368

الترجمة الطاجيكية
يَحۡلِفُونَ بِٱللَّهِ مَا قَالُواْ وَلَقَدۡ قَالُواْ كَلِمَةَ ٱلۡكُفۡرِ وَكَفَرُواْ بَعۡدَ إِسۡلَٰمِهِمۡ وَهَمُّواْ بِمَا لَمۡ يَنَالُواْۚ وَمَا نَقَمُوٓاْ إِلَّآ أَنۡ أَغۡنَىٰهُمُ ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ مِن فَضۡلِهِۦۚ فَإِن يَتُوبُواْ يَكُ خَيۡرٗا لَّهُمۡۖ وَإِن يَتَوَلَّوۡاْ يُعَذِّبۡهُمُ ٱللَّهُ عَذَابًا أَلِيمٗا فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۚ وَمَا لَهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ مِن وَلِيّٖ وَلَا نَصِيرٖ
Ба Худо савганд мехӯранд, ки нагуфтаанд, вале калимаи куфрро бар забон рондаанд. Ва пас аз он ки ислом оварда буданд, кофир шудаанд. Ва қасдкорӣ карданд, аммо ба он ноил нашуданд. Айбҷӯиашон аз он рӯст, ки Худову паёмбараш аз ғаниматҳо босарваташон карданд. Пас, агар тавба кунанд, хайрашон дар он аст ва агар рӯйгардон шаванд. Худо ба азоби дардноке дар дунёву охират азобашон хоҳад кард ва онҳоро дар рӯи замин на дӯстдоре хоҳад буд ва на мададкоре!
Tajik - Tajik translation