ﮤ
ترجمة معاني سورة النّور
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي
.
من تأليف:
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
.
ﰡ
[Ин] Сураест, ки онро нозил кардаем ва [амал ба аҳкоми] онро воҷиб намудаем ва дар он оёти равшане нозил кардаем, бошад, ки панд гиред
Ҳар як аз зану марди зинокорро сад тозиёна бизанед ва агар ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират имон доред, набояд дар [иҷрои аҳкоми] дини Аллоҳ таоло нисбат ба он ду [нафар] дилсӯзӣ [ва меҳрубонии бе далел] дошта бошед ва бояд гурӯҳе аз муъминон бар муҷозоташон гувоҳ бошанд
Марди зинокор ҷуз бо зани зинокор ё мушрик издивоҷ намекунад ва зани зинокорро [низ] ҷуз марди зинокор ё мушрик ба издивоҷи худ дарнамеоварад ва ин [заношӯӣ] бар муъминон ҳаром аст
Ва касоне, ки [мардону] занони покдоманро [ба зино] муттаҳам мекунанд ва чаҳор шоҳид [бар иддаои худ] намеоваранд, ононро ҳаштод тозиёна бизанед ва ҳаргиз шаҳодаташонро [дар ҳеҷ мавриде] напазиред ва инонанд, ки нофармонанд
Магар касоне, ки баъд аз он [туҳмат] тавба кунанд ва [рафтори гузаштаи худро] ислоҳ [-у ҷуброн] намоянд, пас, бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Ва касоне, ки ҳамсарони худро [ба зино] муттаҳам мекунанд ва ҷуз хештан шоҳиде [бар ин иддао] надоранд, пас, ҳар як аз онон бояд чаҳор бор ба Аллоҳ таоло савганд ёд кунад, ки ҳатман, рост мегӯяд
Ва панҷумин бор [шавҳар бигӯяд], ки лаънати Аллоҳ таоло бар ӯ бод, агар дурӯғгӯ бошад
Ва кайфари зан дар сурате бардошта мешавад, ки чаҳор бор ба Аллоҳ таоло савганд ёд кунад, ки он мард ҳатман, дурӯғгӯ аст
Ва панҷумин бор [бигӯяд], ки хашми Аллоҳ таоло бар ӯ бод, агар [шавҳараш] рост гуфта бошад
Ва [эй мардум] агар бахшиши Аллоҳ таоло ва раҳматаш бар шумо набуд ва ин ки Аллоҳ таоло тавбапазири ҳаким аст [ҳатман, гирифтори азоб мешудед]
[Эй муъминон] Бе тардид, касоне, ки он туҳмати бузургро [дар бораи Оиша] матраҳ карданд, гурӯҳе аз худи шумо ҳастанд. Гумон накунед, ки ин [моҷаро] барои шумо шарр аст, балки хайре бароятон дар он [нуҳуфта] аст. Барои ҳар як аз онон [ки дар ин шоеапароканӣ нақш доштаанд] кайфари гуноҳест, ки муртакиб шудааст ва барои он касе аз эшон, ки бахши бузурги он [туҳмат]-ро ба уҳда дорад, азоби бузурге [дар пеш] аст
Чаро ҳангоме ки ин [туҳмат]-ро шунидед, мардону занони муъмин гумони нек ба худ набурданд ва нагуфтанд: «Ин туҳмате [бузургу] ошкор [ба ҳамсари паёмбар] аст?»
Чаро чаҳор шоҳид бар он наёварданд? Пас, чун шоҳидонро наёварданд, ононанд, ки назди Аллоҳ таоло дурӯғгӯ ҳастанд
Ва агар бахшиши Аллоҳ таоло ва раҳмати Ӯ дар дунёву охират набуд, ҳатман, ба кайфари он чи бад-он пардохтед, ба азобе [сахту] бузург гирифтор мешудед
Он гоҳ ки он [шоеа]-ро аз забони якдигар мешунидед ва суханеро даҳон ба даҳон нақл мекардед, ки дар борааш ҳеҷ огоҳӣ [ва яқинӣ] надоштед ва онро сода [ва кучак] мепиндоштед, дар ҳоле ки он [туҳмат] назди Аллоҳ таоло бисёр бузург аст
Чаро ҳангоме ки онро шунидед, нагуфтед: «Сазовор нест, ки ин [сухани бад]-ро бар забон овардем. [Парвардигоро] Ту муназзаҳӣ, ин дурӯғи бузурге аст?»
Аллоҳ таоло шуморо панд медиҳад, ки агар муъмин ҳастед, ҳаргиз ин [кор]-ро такрор накунед
Ва Аллоҳ таоло оёт [-и худ]-ро барои шумо баён мекунад ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
Онон, ки дӯст доранд, байни касоне, ки имон овардаанд, зишткорӣ роиҷ гардад, ҳатман, дар дунё ва охират азобе дарднок [дар пеш] доранд ва Аллоҳ таоло [ҳақоиқу масолеҳро] медонад ва шумо намедонед
Ва агар бахшиши Аллоҳ таоло ва раҳматаш бар шумо набуд ва ин ки Аллоҳ таоло дилсӯзи меҳрубон аст, [ҳатман, муҷозоти сахте дар интизоратон буд]
Эй касоне, ки имон овардаед, дар роҳҳои шайтон гом нагузоред ва ҳар ки роҳҳои шайтонро мепӯяд, [бидонад, ки] ӯ танҳо ба зишткорӣ ва аъмоли нописанд фармон медиҳад ва агар бахшиши Аллоҳ таоло ва раҳматаш бар шумо набуд, ҳаргиз ҳеҷ як аз шумо [аз гуноҳ] пок намешуд, вале Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, пок мекунад ва Аллоҳ таоло шунавои доност
Афроде аз шумо, ки бартарии [имонӣ] ва вусъати [молӣ] доранд, набояд савганд ёд кунанд, ки ба хешовандон ва тиҳидастон ва муҳоҷирони дар роҳи Аллоҳ таоло [ки муртакиби гуноҳ шудаанд] чизе надиҳанд. Онон бояд афв кунанд ва [аз гуноҳи дигарон] чашм бипӯшанд. Оё дӯст намедоред, ки Аллоҳ таоло [низ] шуморо бибахшад? Ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Касоне, ки занони покдомани бехабар [аз фаҳшо ва] муъминро [ба зино] муттаҳам мекунанд, дар дунё ва охират аз раҳмати Аллоҳ таоло дур гаштаанд ва [дар охират] азобе бузург [дар пеш] доранд
Рӯзе, ки забонҳо ва дастҳо ва пойҳояшон дар бораи он чи мекарданд [ва мегуфтанд], алайҳи онон гувоҳӣ медиҳанд
Он рӯз Аллоҳ таоло ҷазои воқеии ононро бекаму кост медиҳад ва хоҳанд донист, ки Аллоҳ таоло ҳамон ҳаққи ошкор аст
Занони палид барои мардони палиданд ва мардони палид [низ] барои занони палиданд. Ва занони пок аз они мардони поканд ва мардони пок [низ] аз они занони поканд. Инон аз он чи [нопокон дар бораашон] мегӯянд, мубарро ҳастанд [ва] омурзиши [илоҳӣ] ва рӯзии арзишманде [дар пеш] доранд
Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳое ҷуз хонаҳои худ ворид нашавед, магар ин ки иҷозат бигиред ва бар аҳли он [хона] салом кунед. Ин [кор] барои шумо беҳтар аст, бошад, ки панд гиред
Пас, агар касеро дар он [хона] наёфтед, ворид нашавед, то ба шумо иҷозат дода шавад ва агар ба шумо гуфта шуд: «Бозгардед»! Пас, бозгардед! [Чаро ки] Ин [касби иҷозат] барои шумо шоистатар аст ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед доност
Бар шумо гуноҳе нест, ки ба хонаҳои ғайримаскунӣ [ва маконҳои умумӣ], ки дар он ҷо [эҳтиёҷ ё] баҳрае доред, ворид шавед ва Аллоҳ таоло он чи ошкор месозед ва он чи пинҳон медоред, [ҳамаро] медонад
[Эй паёмбар] Ба мардони муъмин бигӯ, чашмони худро [аз нигоҳ ба номаҳрам] фурӯ гиранд ва покдоманӣ пеша кунанд. Ин [кор] барои онон покизатар аст. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳанд, огоҳ аст
Ва ба занони муъмин [низ] бигӯ, чашмони худро [аз нигоҳ ба номаҳрам] фурӯ гиранд ва покдоманӣ варзанд ва зевар [-у ороиши] худро ошкор накунанд, магар он чи [ба сурати табиӣ] намоён аст. Ва бояд рӯсарии худро бар сина биафкананд [то мӯйҳо ва синаҳошон пӯшида гардад] ва зинати худро ошкор насозанд, магар барои шавҳар ё падар ё падаршавҳар ё писари худ ё писари шавҳарашон ё бародар ё писари бародар ё писари хоҳар ё [дигар] занон ё канизон ва бардагонашон ё хешовандоне, ки [дигар] ниёз ва тамоюле ба занон надоранд ё кӯдаконе, ки аз масоили ҷинсии занон огоҳӣ наёфтаанд. Ҳамчунин, [ҳангоми роҳ рафтан] пойҳои худро [чунон бар замин] накӯбанд, ки [садои] зиннатҳое, ки [зери либос] пинҳон кардаанд, [халхол] ошкор шавад. Ва эй муъминон, ҳамагӣ ба сӯи Аллоҳ таоло тавба кунед; бошад, ки растагор гардед
[Эй муъминон] Мардону занони муҷарради худро ҳамсар диҳед ва ғуломону канизонро, ки шоистагӣ доранд [низ ҳамсар диҳед]. Агар онон тиҳидаст бошанд, Аллоҳ таоло аз бахшиш [ва лутфи] хеш бениёзашон месозад ва Аллоҳ таоло кушоишгари огоҳ аст
Касоне, ки [шароиту имконоти] издивоҷ надоранд, бояд покдоманӣ пеша кунанд, то Аллоҳ таоло ононро аз бахшиши хеш бениёз намояд. Ва бардагоне, ки хостори бозхарид [ва озодии хеш] ҳастанд, агар дар онон [тавоноии пардохти мол ва] шоистагӣ мебинед, [дархосташонро] бипазиред ва аз сарвате, ки Аллоҳ таоло ба шумо ато кардааст, чизе ба онон бахшед [то ба озодиашон кумак кунед]. Ҳамчунин, канизонатонро, ки мехоҳанд покдоман бошанд, ба зино водор накунед, то баҳраи [ночиз] зиндагии дунёро ба даст оваред ва агар касе, ки ононро [ба ин кор] ворид намояд, Аллоҳ таоло пас аз маҷбур шуданашон, ҳатман, [нисбат ба онон] омурзанда [ва] меҳрубон аст
Ва ба ростӣ, ба сӯйи шумо оёте равшан ва достоне аз зиндагии пешиниёнатон ва панде барои парҳезгорон нозил кардаем
Аллоҳ таоло нури осмонҳо ва замин аст. Масали нури Ӯ ҳаммонанди чароғдонест, ки дарунаш чароғе [афрӯхта] аст [ва] он чароғ дар шишае қарор дорад [ва] он шиша гӯӣ ситорае дурахшон аст. Ин чароғ бо [равғани] дарахти пурбаракати зайтун афрӯхта мешавад, ки на шарқӣ аст ва на ғарбӣ [ва хуршед ҳамвора бар он метобад]. Равғанаш [чунон зулол аст, ки] наздик аст, бидуни тамос бо оташ шуълавар гардад. Нурест афзун бар нур. [Қалби муъмин низ бо нури ҳидоят ин гуна равшан мешавад] Ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, ба нури хеш ҳидоят мекунад ва Аллоҳ таоло барои мардум масалҳо мезанад ва Аллоҳ таоло ба ҳар чиз доност
[Ин чароғи ҳидоят] Дар масоҷидест, ки Аллоҳ таоло амр кардааст, то [қадру манзалатшон] гиромӣ дошта шавад ва номаш дар онҳо бурда шавад, [ва] дар он ҷо бомдодон ва шомгоҳон Ӯро ба покӣ биситоянд
Мардоне, ки ҳеҷ тиҷорат ва хариду фурӯше ононро аз ёди Аллоҳ таоло ва барпо доштани намоз ва пардохти закот ғофил намекунад, [ва] аз рӯзе, ки дилҳо ва чашмҳо дигаргун мешавад, бим доранд
То Аллоҳ таоло беҳтар аз он чи анҷом додаанд, ба онон подош диҳад ва аз фазли худ низ бар подошашон бияфзояд ва Аллоҳ таоло ба ҳар ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад
Ва касоне, ки куфр варзиданд, аъмолашон ҳамчун саробе дар биёбоне ҳамвор аст, ки [аз дур инсони] ташна онро об мепиндорад, то он ки наздикаш мешавад [ва] чизе намеёбад ва [аъмоли кофир низ саробест, ки суде барояш надорад ва дар иваз] Аллоҳро назди хеш меёбад, ки ҳисобашро ба таври комил медиҳад ва Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст
Ё [аъмолаш] ҳамчун торикиҳое дар дарёи жарф аст, ки мавҷе онро мепӯшонад ва бар фарози он мавҷе дигар аст, [ва] бар фарозаш абре [торик] қарор дорад. Торикиҳое аст, яке бар фарози дигаре [чунон ки] агар [шахси гумгашта] дасти худро берун оварад, мумкин нест онро бубинад. Ва касе, ки Аллоҳ таоло нуре [аз ҳидоят] барояш қарор надода бошад, пас, [ҳеҷ ҳидоят ва] нуре барояш нест
Оё надидӣ, ҳар ки дар осмонҳо ва замин аст ва [ҳатто] паррандаҳои дар осмон паркушода [дар осмон ҳамагӣ] Аллоҳро ба покӣ меситоянд. Ҳар як аз онон ниёишу ситоиши хешро медонад ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунанд, огоҳ аст
Ва фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Аллоҳ таоло аст
Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло абрҳоеро ба оромӣ меронад, сипас байни [аҷзои] он пайванд медиҳад, он гоҳ тӯдаи анбӯҳе падид меоварад, пас, қатраҳои боронро мебинӣ, ки аз миёнаш таровиш мекунад ва аз кӯҳҳое [аз анбӯҳи абрҳо], ки дар осмон аст, донаҳои жола фурӯ меборад, пас, онро ба ҳар ки бихоҳад фурӯ мерезад ва аз ҳар ки бихоҳад бозмедорад. Наздик аст, дурахшандагии барқаш чашмҳоро [аз байн] барад
Аллоҳ таоло шабу рӯзро мегардонад [ва паёпай меоварад]. Яқинан, дар ин [гардиш] ибрате барои аҳли басират аст
Ва Аллоҳ таоло ҳар мавҷуди зиндаеро аз об офарид, пас, бархе аз онон бар шиками худ мераванд ва бархе бар ду по роҳ мераванд ва бархе аз онон чаҳор [по] роҳ мераванд. Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад меофаринад. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳама чиз тавоност
Ба ростӣ, ки [Мо] оёти равшангаре нозил кардем ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад
Ва [мунофиқон] мегӯянд: «Ба Аллоҳ таоло ва паёмбар [-и Ӯ] имон овардем ва [аз фармонашон] итоат кардем», аммо пас аз ин [иддао] гурӯҳе аз онон рӯйгардон мешаванд ва инон [дар ҳақиқат] муъмин нестанд
Ва ҳангоме ки ба сӯйи Аллоҳ таоло ва паёмбараш фарохонда мешаванд, то дар миёнашон доварӣ кунад, ногоҳ гурӯҳе аз онон рӯйгардон мешаванд
Ва агар ҳақ ба онон бошад, мутеона [фурӯтанона] ба сӯйи ӯ меоянд
Оё дар дилҳояшон беморӣ аст ё [дар бораи рисолаташ] тардид доранд? Ё метарсанд, ки Аллоҳ таоло ва паёмбараш бар онон ситам кунанд? [На] Балки онон худ ситамгоранд
Сухани муъминон, ҳангоме ки ба сӯи Аллоҳ таоло ва паёмбараш фарохонда мешаванд, то миёнашон доварӣ кунад, фақат ин аст, ки мегӯянд: «Шунидем ва итоат кардем» ва инонанд, ки растагоранд
Ва ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунад ва аз Аллоҳ таоло битарсад ва аз [нофармонии] Ӯ бипарҳезад, пас, инон комёбанд
[Мунофиқон] Бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд ёд карданд, ки агар ба онон фармон диҳӣ, [барои ҷиҳод] раҳсипор мешаванд. Бигӯ: «Савганд ёд накунед. Итоат [ва суханони дурӯғатон] шинохташуда аст. Бе тардид, Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст»
Бигӯ: «Аз Аллоҳ таоло ва паёмбар итоат кунед, пас, агар сарпечӣ кардед, паёмбар масъули чизест, ки бар ӯ таклиф шудааст [иблоғи ваҳй] ва шумо низ масъули чизе ҳастед, ки ба он таклиф шудаед; аммо агар аз ӯ итоат кунед, ҳидоят мешавед; ва паёмбар вазифае ҷуз расонидани ошкоро [-и ваҳй] надорад»
Аллоҳ таоло ба афроде аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ваъда додааст, ки ҳатман, ононро дар замин ҷонишин [-и мушрикон] месозад. Ҳамон гуна ки касонеро, ки пеш аз онон буданд, [низ] ҷонишин [-и кофирону ситамгарон] намуд ва [фармудааст] динашонро, ки барои онон писандидааст, барояшон устувор [-у пирӯзманд] созад ва тарсашонро ба оромишу амният табдил кунад [чаро ки] танҳо Маро мепарастанд ва чизеро бо Ман шарик намесозанд ва ҳар ки аз ин пас куфр биварзад, пас, инонанд, ки нофармонанд
Ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ва аз паёмбар итоат кунед, бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред
[Эй паёмбар] Ҳаргиз мапиндор касоне, ки куфр варзиданд, нотавонкунанда [-и Аллоҳ таоло] дар заминанд [ва метавонанд аз муҷозоти илоҳӣ бигрезанд]. Ҷойгоҳи инон оташ аст ва чи бад бозгаштангоҳест!
Эй касоне, ки имон овардаед, бардагонатон ва касоне аз [кӯдакони] шумо, ки ба синни булуғ нарасидаанд, бояд дар се вақт аз шумо иҷозат [-и вуруд] бигиранд: пеш аз намози субҳ ва нимрӯз – ҳангоме ки либосҳоятонро берун меоваред – ва пас аз намози хуфтан. [Ин] Се [вақт] ҳангоми хилвати шумост. Ба ҷуз ин [cе вақт] бар шумо ва бар онон ҳеҷ гуноҳе нест [ки бидуни иҷозат ворид шаванд, чаро ки] онон перомунатон дар рафту омаданд, [ва] бо якдигар [муошират мекунед]. Аллоҳ таоло инчунин оёт [-и худ]-ро бароятон баён мекунад ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
Ва ҳангоме ки кӯдаконатон ба синни булуғ расиданд, бояд [барои вуруд ба хонаҳои дигарон] иҷозат бигиранд, чунонки бузургсолоне, ки [аҳкомашонро] пеш аз онҳо [шарҳ додем низ] бояд иҷозат мегирифтанд. Аллоҳ таоло инчунин оёташро бароятон баён мекунад ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
Ва бар занон [-и ёисаву пиразан ва] аз кор афтодае, ки [дигар майлу] умеди заношӯӣ надоранд, гуноҳе нест, ки пӯшиш [-и сару сурат]-и хешро канор гузоранд, [ба шарти он ки ороиш ва] зинатеро ошкор накунанд ва агар иффат биварзанд [ва худро бипӯшонанд] барояшон беҳтар аст. Ва Аллоҳ таоло шунавои доност
Бар [афроди] нобино ва лангу бемор [ки аз таколифи иҷтимоӣ – ҳамчун ҷиҳод – маоф шудаанд] гуноҳе нест ва [ҳамчунин] бар худи шумо гуноҳе нест, ки аз хонаҳои худ [ё фарзандону ҳамсаронатон ғизое] бихӯред ё аз хонаҳои падаронатон ё хонаҳои модаронатон ё хонаҳои бародаронатон ё хонаҳои хоҳаронатон ё хонаҳои амуҳоятон ё хонаҳои аммаҳоятон ё хонаҳои тағоҳоятон ё хонаҳои холаҳоятон ё хонае, ки калидаш дар ихтиёри шумост ё [аз хонаҳои] дӯстонатон. Бар шумо гуноҳе нест, ки дастаҷамъӣ ё ҷудогона [ғизо] бихӯред ва ҳангоме ки ба хонаҳо ворид мешавед, ба якдигар салом кунед, ки дуруде муборак [ва] писандида аз сӯйи Аллоҳ таоло аст. Аллоҳ таоло ин гуна оёти [хеш]-ро бароятон ба равшанӣ баён мекунад, бошад, ки биандешед
Муъминони [воқеӣ] касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш имон овардаанд ва ҳангоме ки барои [иҷрои як] амри иҷтимоӣ бо ӯ [паёмбар] ҳамроҳ ҳастанд, то аз вай иҷозат нагирифтаанд, [аз ҷамъ] хориҷ намешаванд. Бе тардид, касоне, ки аз ту иҷозат мегиранд, ононанд, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон овардаанд. Пас, агар барои анҷоми бархе корҳо [-и муҳим]-и худ аз ту иҷозат мехоҳанд, ба ҳар як аз онон, ки мехоҳӣ иҷозат бидеҳ ва аз Аллоҳ таоло барояшон омурзиш бихоҳ. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Фарохонии паёмбар [барои ширкат дар корҳои гурӯҳе]-ро байни худ ҳамчун фарохонии якдигар талаққӣ накунед [ки битавонед онро бипазиред ё рад кунед]. Яқинан, Аллоҳ таоло афроде аз шуморо, ки пушти дигарон пинҳон мешаванд ва махфиёна [аз назди паёмбар] мегурезанд, [ба хубӣ] мешиносад. пас касоне, ки аз фармонаш сарпечӣ мекунанд, бояд битарсанд аз ин ки андуҳ ва балое бар сарашон биёяд ё ба азобе дарднок гирифтор шаванд
Огоҳ бошед! Бе тардид, он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ таоло аст ва яқинан, Ӯ медонад, ки шумо [бар чи кору] дар чи ҳоле ҳастед ва рӯзе, ки [бандагон] ба сӯяш бозгардонда мешаванд, ононро аз он чи [дар дунё] кардаанд, огоҳ месозад ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност