ﮑ
ترجمة معاني سورة المائدة
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي
.
من تأليف:
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
.
ﰡ
Эй касоне, ки имон овардаед, ба паймонҳо [-и худ] вафо кунед. [Хӯрдани гушти] Чаҳорпоён бар шумо ҳалол аст, магар он чи [ҳукмаш] бар шумо хонда шавад ва [ба шарти он ки] дар ҳоли эҳром [ҳаҷ ё умра] шикорро ҳалол нашуморед. Ҳамоно Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад ҳукм мекунад
Эй касоне, ки имон овардаед, [ҳурмати] шаоири илоҳӣ ва моҳи ҳаром [-ро нигаҳ доред] ва [ҳамчунин, ҳурмати] қурбонии бенишон ва қурбониҳои қалодадор (гардандбанддор) ва роҳиёни Байт-ул-ҳаром, ки фазлу хушнудии Парвардигорашонро металабанд. Ва чун аз эҳром хориҷ шудед, [метавонед озодона] ба шикор бипардозед ва [мабодо] душмании гурӯҳе, ки шуморо аз масҷидулҳаром боз доштанд, ба тааддӣ ва таҷовуз водоратон кунад. Ва дар накукорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар ёрӣ кунед ва дар гуноҳу таҷовуз дастёри ҳам нашавед ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло сахткайфар аст
[Инҳо ҳама] Бар шумо ҳаром шудааст: [Гӯшти] Мурдор ва хуну гӯшти хук ва он чи [ҳангоми забҳ] номи ғайри Аллоҳ таоло бар он бурда шавад ва [ҳайвони ҳалолгӯшти] хафашуда ва ба зарби [чӯбу санг] мурда ва азбаландиафтода ва шоххӯрдаву нимхӯрдаи [ҳайвоноти] дарранда – магар он чи [пеш аз мурдан] забҳ [-и шаръӣ] карда бошед – ва [ҳамчунин] он чи дар баробари бутҳо забҳ мешавад ва он чи бо чӯбҳои қуръа тақсим мекунед. Ва [ба яқин бидонед, ки рӯй овардан ба тамоми] инҳо нофармонӣ аст. Имрӯз кофирон аз дини шумо [ва бозгаштатон ба куфр] ноумед шудаанд, пас, аз онон натарсед ва аз ман битарсед. Имрӯз динатонро комил кардам ва неъматро бар шумо тамом намудам ва исломро [ба унвони беҳтарин] дин бароятон баргузидам. Пас, ҳар ки [барои ҳифзи ҷони худ ва] бидуни он ки ба гуноҳе мутамоил бошад, ночор [ба хӯрдани гӯштҳои манъшуда] шавад [бар ӯ гуноҳе нест]. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
[Эй паёмбар, асҳобат] Аз ту мепурсанд, чи чиз барояшон ҳалол шудааст. Бигӯ: "Чизҳои покиза бароятон ҳалол гаштааст ва [ҳамчунин] он чи ба кумаки ҳайвоноти шикорӣ [ба даст меоваред, чаро], ки онҳоро бо он чи Аллоҳ таоло ба шумо омӯхтааст, дастомӯз мекунед. Пас, аз он чи [худ нахӯрдаанд ва] барои шумо гирифтаанд, бихӯред ва [ба ҳангоми забҳ ё фиристодани ҳайвоноти шикорӣ] номи Аллоҳро бар он бибаред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед]. Бе гумон, Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст"
[Эй мусулмонон] Имрӯз хӯрокҳои покиза бароятон ҳалол шудааст ва [забоиҳу] ғизои аҳли китоб барои шумо ҳалол аст ва ғизои шумо [низ] барои онон ҳалол аст ва [ҳамчунин издивоҷ бо] занони покдомани мусулмон ва занони покдоман аз [аҳли китоб, яъне] касоне, ки пеш аз шумо ба онон китоб [-и осмонӣ] дода шудааст [ҳалол мебошад], ба шарти он ки маҳрияҳои ононро бипардозед, дар ҳоле ки худ покдоман бошед, на зинокор бошед ва на [занонро] пинҳонӣ ба дӯстӣ бигиред. Ва ҳар ки ба [аркони] имон куфр биварзад, ҳатман, амалаш табоҳ шудааст ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд
Эй касоне, ки имон овардаед чун ба [қасди] намоз бархостед, рӯйи худ ва дастҳоятонро то оринҷ бишӯед ва саратонро масҳ кунед ва пойҳоятонро то ду шитолинг [буҷулак бишӯед] ва агар ҷунуб будед, худро [бо ғусл кардан] пок созед ва агар бемор ё мусофиред ё ҳар як аз шумо аз маҳалли қазои ҳоҷат омадааст ё бо занон омезиш кардаед ва об намеёбед, пас, ба хоки пок таяммум кунед ва аз он бар сурату дастҳоятон бикашед. Аллоҳ таоло намехоҳад шуморо ба сахтӣ бияндозад, балки мехоҳад шуморо пок созад ва неъмати хешро бар шумо тамом кунад, бошад, ки шукр гузоред
Ва ба ёд оваред неъмати Аллоҳро бар хеш ва [низ] паймоне, ки шуморо ба [анҷоми] он муваззаф гардондааст, он гоҳ ки [дар бораи даъват ба фармонбардорӣ ба паёмбар] гуфтед: "Шунидем ва итоат кардем". Ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед], [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи даруни синаҳост, доност
Эй касоне, ки имон овардаед, барои Аллоҳ таоло ба адл бархезед, [ва] ба адолат шаҳодат диҳед. Ва албатта, набояд душмании як гурӯҳ шуморо бар он дорад, ки адолат накунед. Адолат кунед, ки ин [кор] ба парҳезкорӣ наздиктар аст ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед], [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст
Аллоҳ таоло ба онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ваъдаи омурзиш ва подоши бузурге додааст
Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оёти моро такзиб карданд, онон аҳли дузаханд
Эй касоне, ки имон овардаед, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред, он гоҳ ки гурӯҳе [аз душманон] қасд карданд, ки ба сӯятон даст дароз кунанд, пас, [Аллоҳ таоло] дасташонро аз шумо боздошт. Ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед]. Ва муъминон бояд танҳо бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд
Ва бе тардид, Аллоҳ таоло аз Бани Исроил паймон гирифт ва аз миёни онон [ба теъдоди қабоилашон] дувоздаҳ солор баргумоштем ва Аллоҳ таоло гуфт: "Ман бо шумо ҳастам. Агар намоз барпо доред ва закот бипардозед ва ба паёмбарони ман имон биёваред ва ононро гиромӣ доред ва дар роҳи Аллоҳ таоло воми наку диҳед, гуноҳонатонро мезудоям ва шуморо ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунам, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Пас, ҳар як аз шумо, ки баъд аз ин кофир шавад, мусалламан, роҳи ростро гум кардааст"
Пас, ба [сазои] паймоншиканиашон ононро аз раҳмати хеш дур сохтем ва дилҳояшонро сахт гардондем, [зеро бо тағйири лафзу таъвили маъно] суханон [-и Аллоҳ таоло]-ро аз ҷойгоҳаш таҳриф мекунанд ва бахше аз он чиро бад-он панд дода шуданд, фаромӯш карданд. Ва [эй паёмбар] ту пайваста дар бораи хиёнате аз сӯйи онон огоҳ мешавӣ, магар [шумори] андак аз эшон [ки хиёнаткор нестанд]. Пас, аз онон даргузар ва чашмпӯшӣ кун, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад
Ва [ҳамчунин] аз касоне, ки гуфтанд: "Мо масеҳӣ ҳастем", паймон гирифтем, [ки пайрави Қуръон ва расули Аллоҳ таоло бошанд] ва [-ле динашонро таҳриф намуданд ва] бахше аз он чиро, ки бад-он панд дода шуданд, фаромӯш карданд ва мо [низ] то рӯзи қиёмат миёнашон душманиву кина афкандем ва [дар он рӯз] Аллоҳ таоло ононро [аз натиҷаи] он чи кардаанд, огоҳ хоҳад сохт
Эй аҳли китоб, ҳамоно паёмбари мо ба сӯйи шумо омадааст, ки бисёре аз [матолибу омӯзаҳои] китоб [-и осмонии худ]-ро, ки пинҳон мекардед, бароятон ба равшанӣ баён кунад ва аз бисёре [аз матолибу аҳкоми он] даргузарад. Ҳатман, аз ҷониби Аллоҳ таоло бароятон нуру китоби равшангар омадааст
Аллоҳ таоло ба василаи ин [китоб] касонеро, ки аз хушнудии Ӯ пайравӣ кунанд, ба роҳҳои саломат ҳидоят мекунад ва ба фармони Хеш ононро аз торикиҳо ба сӯйи рӯшноӣ мебарад ва ба роҳи рост ҳидояташон мекунад
Касоне, ки гуфтанд: "Аллоҳ таоло ҳамон Масеҳ – писари Марям – аст", яқинан, кофир шуданд. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Агар Аллоҳ таоло бихоҳад, ки Масеҳ – писари Марям – ва модараш ва ҳамаи касонеро, ки рӯйи замин ҳастанд, нобуд кунад, чи касе дар баробари Аллоҳ таоло ихтиёре дорад, ки монеъ шавад? Фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи миёни он ду қарор дорад, аз они Аллоҳ таоло аст; ҳар чи бихоҳад меофаринад ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност"
Яҳудиён ва масеҳиён гуфтанд: "Мо фарзандони Аллоҳ таоло ва дӯстони Ӯ ҳастем". [Эй паёмбар, дар посухашон] Бигӯ: "Пас, чаро Ӯ шуморо ба кайфари гуноҳонатон азоб мекунад? Балки шумо [низ] башар ва аз ҷумлаи афроде ҳастед, ки офаридааст. Ҳар киро бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи миёни он ду қарор дорад, аз они Аллоҳ таоло аст ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Ӯст"
Эй аҳли китоб, паёмбари мо ба сӯйи шумо омад, то дар давраи фатрати паёмбарон [фосила байни биъсати Исо ва Муҳаммад] [аҳкому омӯзаҳои илоҳиро] ба равшанӣ бароятон баён кунад, ки мабодо [рӯзи қиёмат] бигӯед: "На башоратбахше ба суроғамон омад, на бимдиҳандае". Пас, яқинан, [инак] паёмбари башоратбахш ва бимдиҳанда ба сӯятон омадааст ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз тавоност
Ва [эй паёмбар, ёд кун аз] Ҳангоме ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: "Эй қавми ман, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред, он гоҳ ки байни шумо паёмбароне барангехт ва [пас аз бардагии Фиръавн афроде аз] шуморо фармонравоён [-и худатон] сохт ва чизҳое ба шумо бахшид, ки ба ҳеҷ як аз ҷаҳониён [-и муосиратон] надода буд
Эй қавм, ба сарзамини муқаддасе, ки Аллоҳ таоло бароятон муқаррар намудааст, ворид шавед ва ба ақиб бознагардед [ва аз динатон даст накашед], ки зиёндида хоҳед шуд"
[Онон] Гуфтанд: "Эй Мӯсо, бе гумон он ҷо қавми зӯрманд ҳастанд, [ва] то онон аз он ҷо берун нараванд, мо ҳаргиз вориди он намешавем. Пас, агар аз он ҷо берун бираванд, мо ворид хоҳем шуд"
Ду тан аз мардоне, ки [аз нофармонӣ ва азоби илоҳӣ] метарсиданд ва Аллоҳ таоло ба онон неъмат [-и итоат ва бандагӣ] дода буд, гуфтанд: "Аз он дарвоза бар эшон [ҳуҷум баред ва] ворид шавед, ки агар аз он даромадед, ҳатман, пирӯз хоҳед шуд ва агар муъминед, бар Аллоҳ таоло таваккал кунед"
[Бани Исроил] Гуфтанд: "Эй Мӯсо, то замоне ки онон дар он ҷо хастанд, мо ҳаргиз ворид намешавем. Ту ва Парвардигорат биравед ва биҷангед. Мо ҳамин ҷо менишинем"
[Мӯсо] Гуфт: "Парвардигоро, ман ҷуз ихтиёри худам ва бародарам [ихтиёри шахси дигареро] надорам, пас, миёни мо ва ин гурӯҳи нофармон ҷудоӣ бияфкан"
[Аллоҳ таоло] Фармуд: "Дар ин сурат [вуруд ба] он [сарзамини муқаддас] то чиҳил сол бар онон ҳаром шудааст, [ва пайваста] дар замин саргардон хоҳанд буд. Пас, ба хотири [рафтори] ин гурӯҳи нофармон афсӯс махӯр"
Ва [эй паёмбар] достони ду писари Одам [Ҳобил ва Қобил]-ро ба ҳақ бар эшон бихон: ҳангоме ки [ҳар кадом] барои тақарруб [ба даргоҳи Аллоҳ таоло] як қурбонӣ тақдим карданд, аз яке пазируфта шуд ва аз дигаре пазируфта нашуд. [Қобил ба Ҳобил] Гуфт: "Ҳатман, туро хоҳам кушт". [Ҳобил] Гуфт: "Аллоҳ таоло [қурбониро] фақат аз парҳезкорон мепазирад
Агар ту дастро барои куштани ман дароз кунӣ, ман ҳаргиз дастамро барои куштан ба сӯят дароз нахоҳам кард, [зеро] бе тардид, ман аз Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён – метарсам
[Он гоҳ барои он ки ӯро битарсонад гуфт] "Ман мехоҳам, ки ту бо гуноҳи [қатли] ман ва гуноҳи [аъмоли] худат [ба сӯйи Аллоҳ таоло] бозгардӣ ва аз аҳли дузах бошӣ. Ва ин аст сазои ситамгорон"
Пас, нафси [саркаши] ӯ куштани бародарашро барояш орост [ва муваҷҷаҳу осон ҷилва дод]. Пас, ӯро кушт ва аз зиёнкорон шуд
Он гоҳ Аллоҳ таоло калоғ [зоғ]-еро фиристод, ки дар замин ҷустуҷӯ [ва ковиш] мекард, то [калоғи мурдаеро дафн кунад ва ин гуна] ба вай нишон диҳад, ки чи гуна ҷасади бародарашро бипӯшонад. [Қобил] Гуфт: "Вой бар ман! Оё нотавон будам аз ин ки ҳамчун ин калоғ бошам ва ҷасади бародарамро бипӯшонам"? Он гоҳ [ба сахтӣ аз кори зишти хеш] пушаймон шуд
Ба ҳамин сабаб, бар Бани Исроил муқаррар доштем, ки ҳар кас инсонеро ҷуз барои [қасоси] касе ё фасоде [ки] дар замин [муртакиб шудааст] ба қатл бирасонад, чунон аст, ки гӯӣ ҳамаи мардумро куштааст ва ҳар кас [бо худдорӣ аз қатлҳои худсарона ва беҳуда] инсонеро зинда бидорад, чунон аст, ки ҳамаи мардумро зинда кардааст. Ва бе гумон, паёмбарони мо бо далоили равшан барои онон [Бани Исроил] омаданд, [вале] боз ҳам бисёре аз эшон пас аз он [бо иртикоби гуноҳ] дар замин [по аз ҳудуди илоҳӣ фаротар гузоштанд ва] зиёдаравӣ карданд
Сазои касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш меҷанганд ва [бо қатлу дуздӣ ва фаҳшо] дар замин ба фасод мекӯшанд, ҷуз ин нест, ки кушта шаванд ё ба дор овехта шаванд ё даст [-и рост] ва пой [-и чапи] онҳо дар хилоф [ҷиҳати якдигар] қатъ шавад ё аз сарзамин [-и худ] табъид гарданд. Ин [муҷозот мояи] расвоии онҳо дар дунёст ва дар охират [низ] азоби бузург [дар пеш] доранд
Магар касоне, ки [шумо ҳокимон] пеш аз он ки бар онон даст ёбед, тавба кунанд. Пас, [агар чунин карданд, аз онон даргузаред ва] бидонед, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед] ва [бо анҷоми корҳои нек, барои тақарруб] ба сӯйи Ӯ васила биҷӯед ва дар роҳаш ҷиҳод кунед, бошад, ки растагор шавед
Дар ҳақиқат касоне, ки куфр варзиданд, агар тамоми он чи дар замин аст, барои онон бошад ва ҳаммонандаш [низ] бо он [дар ихтиёрашон бошад ва бихоҳанд], то ба бад-он васила худро аз азоби рӯзи қиёмат бозхаранд, аз эшон пазируфта намешавад ва азоби дарднок [дар пеш] доранд
Мехоҳанд аз оташ [-и дузах] берун раванд, ва [-ле] аз он [азоб] наметавонанд хориҷ шаванд ва барояшон азоби пойдор [муҳайё] аст
[Эй ҳокимони мусулмон] Дасти марду зани дуздро ба сазои амале, ки муртакиб шудаанд, ба унвони муҷозоте аз ҷониби Аллоҳ таоло қатъ кунед ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст
Пас, ҳар ки баъд аз [гуноҳ ва] ситам карданаш тавба кунад ва [аъмоли худро ҷуброн ва] ислоҳ намояд, бе тардид, Аллоҳ таоло тавбаашро мепазирад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Оё намедонӣ, ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст, [ва] ҳар киро бихоҳад азоб мекунад ва ҳар киро бихоҳад мебахшад? Ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност
Эй паёмбар, касоне, ки дар [роҳи] куфр шитоб мекунанд, туро ғамгин насозад - [хоҳ] аз касоне, ки ба забонашон мегӯянд: "Имон овардем" ва қалбашон имон наовардааст ва [хоҳ] аз яҳудиён [бошанд, ҳамон касоне, ки ба суханони пешвоёну бузургонашон] гӯш месупоранд, [оре, онон фақат] шунавандаи [дурӯғҳо ва муқаллиди дастурҳои] гурӯҳи дигаре [аз уламояшон] ҳастанд, ки [туро бовар надоранд ва ҳаргиз] наздат наомадаанд. Онон суханон [-и Аллоҳ таоло]-ро [бар асоси майлу манфиати худ] аз ҷойгоҳашон таҳриф мекунанд ва [ба якдигар] мегӯянд: "Агар ин [ҳукм аз суйи Муҳаммад] ба шумо дода шуд, пас, [аз ӯ] бипазиред ва агар он [чизи дилхоҳатон аст] ба шумо дода нашуд, [аз ӯ] дурӣ кунед". Ва [эй паёмбар] ҳар ки Аллоҳ таоло гумроҳиашро хоста бошад, ту ҳаргиз дар баробари Аллоҳ таоло барояш ихтиёр надорӣ [ва наметавонӣ аз ӯ дифоъ кунӣ]. Онон [яҳудиён ва мунофиқон] касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло нахостааст дилҳояшонро [аз палидии куфр] пок кунад. Онон дар дунё расвоӣ [ва хорӣ дар интизор] доранд ва дар охират барояшон азоби бузурге [дар пеш] аст
Онон [яҳудиён] бисёр гӯш ба дурӯғ месупоранд, [ва] моли ҳароми фаровон мехӯранд. Пас, [эй паёмбар] агар [барои додхоҳӣ] наздат омаданд, миёнашон доварӣ кун ё аз эшон рӯй бигардон. Ва [яқин бидон, ки] агар аз онон рӯй бигардонӣ, ба ту ҳеҷ зиёне намерасонанд, ва [-ле] агар доварӣ кардӣ, бо адолат миёнашон доварӣ кун. Бе тардид, Аллоҳ таоло додгаронро дӯст медорад
Ва онон чи гуна туро ба доварӣ металабанд, дар ҳоле ки Таврот наздашон аст, [ва] ҳукми Аллоҳ таоло дар он вуҷуд дорад? Сипас баъд аз он [додхоҳӣ, агар сухане хилофи майлашон бигӯӣ, аз дастури Таврот ва ҳукми ту] руй мегардонанд ва инон муъмин нестанд
Ба ростӣ, Мо Тавротро нозил кардем, ки дар он ҳидоят ва нур аст. Паёмбароне, ки [дар баробари фармони Аллоҳ таоло] таслим буданд, бар асоси [омӯзаҳои] он барои яҳудиён доварӣ мекарданд ва донишмандону фақеҳон [-и яҳудӣ], ки посдорӣ аз китоби Аллоҳ таоло [ва ҷилавгирӣ аз таҳрифи Таврот] ба онон супурда шуда буд ва бар [ҳаққонияти] он гувоҳ буданд [ва бино ба дастурҳояш ҳукм мекарданд]. Пас, [эй яҳудиён, дар иҷрои аҳкоми илоҳӣ] аз мардум натарсед ва аз Ман битарсед ва оётамро ба баҳои ночиз нафурӯшед. Ва ҳар кас ба аҳкоме, ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, доварӣ накунад, кофир аст
Ва дар он [Таврот] барои эшон [Бани Исроил] муқаррар доштем, ки: "Ҷон дар баробари ҷону чашм дар баробари чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гӯш дар баробари гӯш ва дандон дар баробари дандон аст ва [ҳатто] захмҳо қасос доранд". Пас, ҳар ки аз он гузашт намояд, он [бахшиш] каффораи [гуноҳони] ӯст. Ва ҳар кас ба аҳкоме, ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, ҳукм накунад, [аз ҳудуди илоҳӣ фаротар рафтааст ва] ситамгор аст
Ва ба дунболи онон [паёмбарони Бани Исроил] Исо писари Марямро фиристодем, ки тасдиқкунандаи Таврот буд, ки пеш аз ӯ фиристода будем ва Инҷилро, ки дар он ҳидоят ва нур буд, ба ӯ додем, ки тасдиқкунандаи Тавроти пеш аз вай буд ва ҳидояту андарзе буд барои парҳезкорон
Ва аҳли Инҷил бояд ба он чи Аллоҳ таоло дар он [китоб] нозил кардааст, ҳукм кунанд. Ва ҳар ки ба он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст, ҳукм накунад, нофармон аст
Ва [эй паёмбар, мо ин] китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, [ки] тасдиқкунандаи китобҳои пешин аст ва мавриди эътимод [-и китобҳои осмонӣ ба унвони меъёре барои ҳақ ва ботил] аст. Пас, байни онон бар асоси он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст, ҳукм кун ва ба ҷойи ҳақиқате, ки [аз ҷониби Қуръон] ба ту раисдааст, аз ҳавасҳои онон пайравӣ макун. [Эй мардум] Мо барои ҳар яке аз шумо оину роҳи равшан карор додем ва агар Аллоҳ таоло мехост, ҳамаи шуморо уммати воҳид карор медод, вале [Аллоҳ таоло мехоҳад] шуморо дар [мавриди] он чи ба шумо бахшидааст, биозмояд, пас, дар некиҳо бар якдигар пешӣ гиред. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи Аллоҳ таоло аст. Он гоҳ Ӯ аз он чи дар он ихтилоф мекардед, огоҳатон месозад
Ва [эй паёмбар] миёни онон [яҳуд] бар асоси он чи Аллоҳ таоло [дар Қуръон] нозил кардааст, ҳукм кун ва аз ҳавасҳояшон пайравӣ макун ва бар ҳазар бош аз ин ки туро аз бархе аз он чи Аллоҳ таоло бар ту нозил кардааст, мунҳариф кунанд. Пас, агар [аз пазириши доварии ту] рӯй гардонанд, бидон, ки Аллоҳ таоло мехоҳад ононро ба [хотири] бархе аз гуноҳонашон муҷозот кунад. Ва ба ростӣ, ки бисёре аз мардум нофармонанд
Оё онон доварии [бар асоси ченакҳои] ҷоҳилиятро мехоҳанд? Ва барои аҳли яқин, доварии чи касе беҳтар аз Аллоҳ таоло аст?
Эй касоне, ки имон овардаед, яҳудиён ва масеҳиёнро ба дӯстӣ нагиред. Онон дӯстони якдигаранд ва ҳар ки аз шумо, ки бо эшон дӯстӣ кунад, ҳатман, аз онҳост. Бе тардид, Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро [ба хотири дӯстӣ бо кофирон] ҳидоят намекунад
Пас, [эй паёмбар] касонеро, ки дар дилҳояшон беморӣ [нифоқ] аст, мебинӣ, ки дар [дӯстӣ бо] онон мешитобанд, [ва] мегӯянд: "Метарсем, ки [агар пирӯз шаванд, аз ҷониби онон] осебе ба мо бирасад". Умед аст, ки Аллоҳ таоло [барои мусулмонон] аз ҷониби Худ пирӯзӣ [ва кушоише] пеш оварад, он гоҳ [ин мунофиқон] аз он чи дар дили худ пинҳон медоштанд, пушаймон шаванд
Ва онон, ки имон овардаанд мегӯянд: "Оё инҳо [мунофиқон] ҳамон касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло савгандҳои сахт мехӯрданд, ки бо шумо ҳастанд"? Аъмолашон табоҳ гашт ва зиёнкор шуданд
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар касе аз шумо, ки аз дини худ баргардад [ба Аллоҳ таоло зиёне намерасонад], Аллоҳ таоло ба зудӣ гурӯҳеро меоварад, ки ононро дӯст медорад ва онҳо [низ] Ӯро дӯст медоранд, [онон] нисбат ба муъминон фурӯтан ва дар баробари кофирон сарсахт ҳастанд, дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод мекунанд ва аз сарзаниши ҳеҷ маломатгаре намеҳаросанд. Ин фазли Аллоҳ таоло аст, ки ба ҳар кас бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ таоло кушоишгари доност
[Эй муъминон] Бе тардид, [ёвару] дӯсти шумо фақат Аллоҳ таоло ва паёмбараш ва [ҳамчунин] афроде ҳастанд, ки имон овардаанд. [Ҳамон] Касоне, ки намоз барпо медоранд ва бо фурӯтанӣ [ва ризояти комил] закот мепардозанд
Ва ҳар ки Аллоҳ таоло ва паёмбараш ва муъминонро ба дӯстӣ бигирад, [аз гурӯҳи Аллоҳ таоло аст ва] яқинан, гурӯҳи Аллоҳ таоло пирӯзанд
Эй касоне, ки имон овардаед, касонеро, ки динатонро ба тамасхур ва бозӣ гирифтаанд, дӯст [-они худ] нагиред, [хоҳ] аз касоне [бошанд], ки пеш аз шумо ба онон китоб дода шудааст ва [хоҳ аз] кофирон. Ва агар имон доред, аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед]
Ва [ин афрод касоне ҳастанд, ки] вақте [тавассути азон мардумро] ба намоз мехонед, онро ба масхара ва бозӣ мегиранд, зеро онон гурӯҳе ҳастанд, ки намеандешанд
[Эй паёмбар] Бигӯ: "Эй аҳли китоб, оё [иллати ин ки] бар мо хурда мегиред, ҷуз ин аст, ки мо ба Аллоҳ таоло ва он чи бар мо нозил шуда ва [ба] он чи пеш аз мо нозил гардидааст, имон овардаем ва [ҳамчунин бар ин боварем, ки] ағлаби шумо нофармонед"
Бигӯ: "Оё [мехоҳед] шуморо аз [ҳоли] касоне огоҳ кунам, ки назди Аллоҳ таоло ҷазое аз ин бадтар доранд? [Онон] Касоне [ҳастанд], ки Аллоҳ таоло лаънаташон кард ва бар эшон хашм гирифт ва бархе аз ононро [масх намуд ва ба шакли] бузина ва хук даровард ва [низ] касоне, ки [ба ҷойи Аллоҳ таоло] тоғут [ва ҳокимони худкома]-ро бандагӣ карданд. Инон [аз ҳама] бадмақомтар ва аз роҳи рост гумгаштатаранд
Ва [эй паёмбар] вақте [яҳудиёни мунофиқ] наздатон меоянд, мегӯянд: "Имон овардаем", ҳол он ки бо куфр ворид шуданд ва бо ҳамон [куфр] берун рафтаанд; ва Аллоҳ таоло ба он чи пинҳон мекарданд, донотар аст
Ва бисёре аз ононро мебинӣ, ки дар гуноҳ ва таҷовуз [ба ҳуқуқи дигарон] ва ҳаромхӯрӣ шитоб мекунанд. Чи бад аст, он чи мекунанд!
Чаро донишмандон ва фақеҳон [-и яҳуд] ононро аз гуфтори гуноҳ [-олуд] ва ҳаромхорагиашон бознамедоранд? Ростӣ, чи бад аст, он чи анҷом медиҳанд!
Ва яҳудиён [ҳангоми сахтӣ ва тангдастӣ] гуфтанд: "Дасти Аллоҳ таоло [аз хайру бахшиш] бастааст". Дастҳояшон баста бод ва ба сазои он чи гуфтанд лаънат бар онон бод! [Ҳаргиз чунин нест] Балки ҳар ду дасти Ӯ кушодааст [ва] ҳар гуна ки бихоҳад, мебахшад. [Эй паёмбар] Ин оёт, ки аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар саркашӣ ва куфри бисёре аз онон меафзояд. Мо миёнашон то рӯзи қиёмат душманӣ ва кина афкандем. Ҳар замон оташи ҷанг барафрӯхтанд, Аллоҳ таоло онро хомӯш кард. Онон [пайваста] дар замин ба табаҳкорӣ [ва фасод] мекӯшанд ва Аллоҳ таоло табаҳкоронро дӯст намедорад
Ва агар аҳли китоб имон меоварданд ва парҳезкорӣ мекарданд, яқинан, гуноҳонашонро мезудудем ва ононро ба боғҳои пурнеъмат [-и биҳишт] ворид мекардем
Ва агар онон ба Таврот ва Инҷил ва он чи аз сӯйи Парвардигорашон бар онҳо нозил шудааст [Қуръон] амал мекарданд, ҳатман, аз [баракоти осмони] болои сарашон ва аз [неъматҳои замини] зери пояшон бархӯрдор мешуданд. Бархе аз онон миёнарав ҳастанд, ва [-ле] бисёре аз эшон [ба сабаби беимонӣ] корҳои баде анҷом медиҳанд
Эй паёмбар, он чиро аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, [ба таври комил ба мардум] иблоғ кун ва агар [чунин] накунӣ, рисолати Ӯро [ба анҷом] нарасондаӣ ва Аллоҳ таоло туро аз [газанди] мардум ҳифз мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад
Бигӯ: "Эй аҳли китоб, шумо бар ҳеҷ [оини дурусте] нестед, магар ин ки Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз тарафи Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпо доред". Ва [эй паёмбар] бе тардид, он чи аз сӯйи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар саркашӣ ва куфри бисёре аз онон меафзояд, пас, бар [ин] гурӯҳи кофир афсӯс махӯр
Бе гумон, касоне, ки имон овардаанд ва касоне, ки яҳудӣ ва соибӣ [фитратгаро] ва масеҳӣ ҳастанд, ҳар ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон оварад ва корҳои шоиста анҷом диҳад, на тарсе хоҳанд дошт ва на андуҳгин мешаванд
Яқинан, мо аз Бани Исроил [дар мавриди итоат аз фармони ҳақ] паймон гирифтем ва паёмбароне ба сӯяшон фиристодем. Ҳар гоҳ паёмбаре чизе овард, ки ҳавои нафсашон намеписандад, гурӯҳеро дурӯғгӯ хонданд ва гурӯҳеро куштанд
[Оре, яҳудиён паймон шикастанд] Ва пиндоштанд, ки муҷозоте дар кор нест, пас, кӯр гаштанд [ва ҳақро надиданд] ва кар шуданд [ва ҳақро нашуниданд]. Он гоҳ [тавба карданд ва] Аллоҳ таоло тавбаи эшонро пазируфт. Сипас бисёре аз эшон [боз ҳам дар баробари ҳидоят] кӯру кар шуданд ва Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳанд, биност
Онон, ки гуфтанд: "Аллоҳ таоло ҳамон Масеҳ писари Марям аст", яқинан кофир шуданд, дар ҳоле ки [худи] Масеҳ гуфт: "Эй Бани Исроил, Аллоҳро бипарастед, ки Парвардигори ману Парвадигори шумост. Бе тардид, ҳар ки ба Аллоҳ таоло ширк оварад, Аллоҳ таоло биҳиштро бар ӯ ҳаром кардааст ва ҷойгоҳаш дузах аст ва ситамгорон ҳеҷ ёваре надоранд"
Касоне, ки [маъбуди ҳақиқиро маҷмуаи падар, писар ва Рӯҳ-ул-қудус донистанд ва] гуфтанд: "Аллоҳ таоло савумин [нафар аз] се [маъбуд] аст", ҳатман, кофир шуданд. Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз маъбуди ягона нест. Ва агар аз он чи мегӯянд, бознаистанд, ҳатман, ба афроде аз эшон, ки куфр варзиданд, азоби дардноке хоҳад расид
Оё ба сӯйи Аллоҳ таоло бознамегарданд ва аз Ӯ талаби омурзиш намекунанд? Ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Масеҳ писари Марям ҷуз паёмбаре нест, ки пеш аз ӯ [низ] паёмбарони дигаре буданд ва модараш зани ростгӯ буд. Ҳар ду [монанди инсонҳои дигар] ғизо мехӯрданд. [Эй паёмбар] Бингар, ки чи гуна оёт [-и худ]-ро барояшон равшан месозем ва боз бингар, ки чи гуна рӯйгардон мешаванд
[Эй паёмбар] Бигӯ: "Оё чизеро ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, ки суду зиёне бароятон надорад? Ва [ҳол он ки] Аллоҳ таоло шунавову доност"
Бигӯ: "Эй аҳли китоб, дар дини худ ба ноҳақ ғулув [ва зиёдаравӣ] накунед ва аз ҳавасҳои гурӯҳе пайравӣ накунед, ки пештар гумроҳ шуданд ва бисёре [аз пайравонашон]-ро гумроҳ карданд ва аз роҳи рост мунҳариф гаштаанд"
[Афроде] Аз Бани Исроил, ки куфр варзиданд, аз забони Довуд [дар Забур] ва [аз қавли] Исо писари Марям [дар Инҷил] мавриди лаънат қарор гирифтанд. Ин [нафрин] ба хотири он буд, ки нофармонӣ карданд ва [аз ҳудуди илоҳӣ] таҷовуз менамуданд
Онон якдигарро аз [гуноҳону] кор [-ҳои] зиште, ки анҷом медоданд, наҳй намекарданд. Ба ростӣ, чи бад буд он чи мекарданд!
[Эй паёмбар] Бисёре аз ононро мебинӣ, ки бо кофирон дӯстӣ мекунанд. Ба ростӣ, чи зишт аст, он чи барои худ пеш фиристоданд, ки [дар натиҷаи он низ] Аллоҳ таоло бар онон хашм гирифт ва ҷовидона дар азоб мемонанд
Ва агар [яҳудиён] ба Аллоҳ таоло ва паёмбар ва он чи бар ӯ нозил шудааст, имон меоварданд, онон [кофирон]-ро ба дӯстӣ намегирифтанд, вале бисёре аз онон нофармонанд
[Эй паёмбар] Яқинан, яҳудиён ва касонеро, ки ширк варзиданд, душмантарини мардум нисбат ба муъминон хоҳӣ ёфт ва наздиктарин дӯстон ба муъминонро касоне хоҳӣ ёфт, ки мегӯянд: "Мо масеҳӣ ҳастем". Ин ба хотири он аст, ки миёни эшон кашишон ва роҳибон [-и ҳақпараст] ҳастанд ва [низ] аз он рӯст, ки такаббур намеварзанд
Ва чун оётеро, ки бар паёмбар нозил шудааст, мешунаванд, мебинӣ бар асари он чи аз ҳақ шинохтаанд, чашмонашон ашк меборад ва мегӯянд: "Парвардигоро, имон овардем, пас, моро дар зумраи [мусулмонон ва] гувоҳон бинавис
Чаро ба Аллоҳ таоло ва он чи аз ҳақ ба мо расидааст, имон наёварем, ҳол он ки умед дорем, ки Парвардигорамон моро бо гурӯҳи шоистагон [ба биҳишт] дароварад"?
Пас, Аллоҳ таоло ба поси он чи гуфтанд, ба онон боғҳое [аз биҳишт] подош дод, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст ва ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ва ин аст ҷазои накукорон
Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оёти моро такзиб карданд, онон аҳли дузаханд
Эй касоне, ки имон овардаед, чизҳои покизаеро, ки Аллоҳ таоло барои [истифодаи] шумо ҳалол кардааст, [ба баҳонаи зуҳду диндорӣ бар худ] ҳаром накунед ва [аз ҳад] таҷовуз нанамоед. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло мутаҷовизон [-и ҳудуди илоҳӣ]-ро дӯст намедорад
Ва аз чизҳои ҳалол [ва] покизае, ки Аллоҳ таоло бар шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва аз Аллоҳ таоло, ки ба Ӯ имон доред, парво кунед
Аллоҳ таоло шуморо ба хотири савгандҳои беҳуда [ва беихтиёратон] бозхост намекунад, вале дар савгандҳое, ки [огоҳона] мехӯред [ва мешканед], муохаза мекунад. Пас, каффораи он, хӯрок додан ба даҳ тиҳидаст аз ғизоҳои [маъмулӣ ва] мутавассити шаҳратон аст ё либос додан ба даҳ нафар [аз мустамандон] ё озод кардани як барда. Агар касе [тавоноии молӣ надорад ё ҳеҷ як аз инҳоро] намеёбад, пас, се рӯз рӯза [бигирад]. Ин каффораи савгандҳои шумост, [барои] ҳар замон, ки савганд ёд кардед [ва онро шикастед]. Ва савгандҳои худро ҳифз кунед [ва нашканед]. Аллоҳ таоло ин чунин оёти худро барои шумо баён мекунад, бошад, ки сипос гузоред
Эй касоне, ки имон овардаед, бе тардид, шаробу қимор ва бутҳову тирҳои қуръакашӣ палид [ва] аз кор [-ҳои] шайтон ҳастанд, пас, аз онҳо дурӣ кунед, бошад, ки растагор шавед
Дар ҳақиқат, шайтон мехоҳад бо шаробу қимор, миёнатон душманӣ ва кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Аллоҳ таоло ва аз намоз боздорад, пас, [эй муъминон, ҳоло ки ҳақиқатро донистед] оё аз онҳо даст бармедоред?
Ва аз Аллоҳ таоло итоат кунед ва фармонбари паёмбар бошед ва [аз гуноҳу нофармонӣ] ҳазар кунед. Пас, агар рӯй гардондед, бидонед, ки вазифаи паёмбари Мо [чизе] ҷуз иблоғи ошкор нест
Бар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, гуноҳе дар он чи [пеш аз ҳукми таҳрими шароб] хӯрдаанд, нест, [албатта] дар сурате ки [аз муҳаррамот] парҳез кунанд ва имон биоваранд ва корҳои шоиста анҷом диҳанд, сипас парҳезкорӣ кунад ва имон биоваранд, он гоҳ [беш аз пеш] парҳезкорӣ кунанд ва некӣ намоянд. Ва Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад
Эй касоне, ки имон овардаед, Аллоҳ таоло шуморо [дар ҳоле ки муҳрим ҳастед] ба чизе аз шикори [саҳроӣ], ки дар дастраси шумо ва найзаҳоятон бошад, меозмояд, то маълум дорад, чи касе дар ниҳон аз Ӯ метарсад. Пас, ҳар ки баъд аз ин [озмун] аз ҳад даргузарад [ва дар ҳоли ҳаҷ ё умра шикор кунад], азоби дарднок [дар пеш] дорад
Эй касоне, ки имон овардаед, дар ҳоли эҳром, шикорро накушед ва ҳар касе аз шумо, ки қасдан онро бикушад, бояд ҳаммонанди он чи ки куштааст, каффорае аз чаҳорпоён бидиҳад, [ба шарте] ки ду нафари одил аз шумо [баробарарзишии] онро таъйид кунанд ва [он гоҳ он каффораро ба сурати] қурбонӣ [ба мустамандони перомуни] Каъба бирасонад ё [муодили баҳои онро] ба тиҳидастони [Ҳарам] ғизо диҳад ё [агар тавони молӣ надошт] муодили онро [дар муқобили ҳар фақир як] рӯза бигирад, то кайфари амали худро бичашад. Аллоҳ таоло он чиро, ки [пеш аз ин таҳрим] гузаштааст, авф намуд ва ҳар ки [ба ин гуноҳ] бозгардад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло аз ӯ интиқом мегирад ва Аллоҳ таоло шикастнопазири додситон аст
[Эй мусулмонон, дар ҳоли эҳром] Сайди дарёӣ ва хӯроки он барои шумо ҳалол шудааст, то шумо [ки дар Макка муқим ҳастед] ва корвониён [ки мусофиранд, ҳамагӣ] аз он бархӯрдор шавед, ва [-ле] то замоне ки муҳрим ҳастед, сайди саҳроӣ бар шумо ҳаром аст ва аз Аллоҳ таоло, ки [рӯзи қиёмат] назди Ӯ ҷамъ мешавед, парво кунед
Аллоҳ таоло Каъбаи Байт-ул-ҳаромро василае барои устуворӣ [ва сомон бахшидан ба кори] мардум қарор дод ва [ҳамчунин, ҳурмати ҷангу даргирӣ дар] моҳи ҳаром ва [куштани] қурбонӣ [-и бенишон] ва қурбонии қалодадор [-ро барои осоиши мардум вазъ кард]. Ин [гуна аҳком] барои он аст, ки бидонед Аллоҳ таоло он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст медонад ва ин ки Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност
[Эй мардум] Бидонед, ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст ва [дар айни ҳол] Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Паёмбар вазифае ҷуз расондани [ваҳй] надорад ва Аллоҳ таоло он чиро, ки ошкор мекунед ва пинҳон медоред, [ҳамаро] медонад
[Эй паёмбар] Бигӯ: "Палид ва пок яксон нестанд, ҳарчанд фаровонии палид [ӣ] туро ба шигифт оварад. Пас, эй хирадмандон, аз Аллоҳ таоло парво кунед, бошад, ки растагор шавед"
Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳое напурсед, ки агар [посухи ҳақиқиаш] бароятон ошкор гардад, андуҳгинатон мекунад ва агар замоне, ки Қуръон нозил мегардад, пурсуҷӯ кунед, [ҳукму посухи пурсишҳоятон] бар шумо ошкор мегардад. Аллоҳ таоло аз он [масоил ва баёни онҳо] даргузашт ва Аллоҳ таоло омурзандаи бурдбор аст
Дар ҳақиқат, гурӯҳе [ки] пеш аз шумо [буданд низ] аз ин [гуна] пурсишҳо карданд, сипас [вақте ки ҷавоби ногувор барояшон омад], ба он [амал накарданд ва] куфр варзиданд
Аллоҳ таоло ҳеҷ гуна "баҳира" ва "соиба" ва "васила" ва "ҳом" [анвои шутурҳои мухталифе, ки мушрикон вақфи бутҳояшон мекарданд]-ро [барои худ] қарор надодааст, вале касоне, ки куфр варзиданд, [бо иддаои ҳурмати ин ҳайвонот] бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд ва бештарашон дарнамеёбанд
Ва ҳангоме ки ба онон гуфта шавад: "Ба сӯйи он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст ва ба сӯйи паёмбар биёед", мегӯянд: "Он чи ниёгонамонро бар он ёфтаем, бароямон кофист". Оё агар ниёгонашон чизе намедонистанд ва ҳидоят наёфта буданд [боз ҳам аз онон пайравӣ мекарданд]?
Эй касоне, ки имон овардаед, муроқиби [имон ва тоати] худ бошед. Агар ҳидоят ёфта бошед, гумроҳии касоне, ки гумроҳ шудаанд, ба шумо зиёне намерасонад. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи Аллоҳ таоло аст, он гоҳ шуморо аз он чи мекардед, огоҳ месозад
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки [нишонаҳои] марги яке аз шумо фаро расид, ҳангоми васият бояд аз миёнатон ду нафари одилро гувоҳ бигиред ё агар мусофират кардед ва пешомади марг ба шумо расид [ва мусулмонеро наёфтед], ду нафар аз ғайри худ [ғайри мусулмон]-ро ба гувоҳӣ биталабед ва агар [дар ростгӯии онҳо] тардид доштед, он дуро баъд аз намоз нигоҳ доред, то ба Аллоҳ таоло савганд бихӯранд, ки: "Мо ҳозир нестем он [васият]-ро ба чизе фурӯшем, агарчи [ба суди] хешонамон бошад. Ва шаҳодати Аллоҳро китмон намекунем, ки дар ин сурат, ҳатман, аз гунаҳгорон хоҳем буд"
Пас, агар маълум шуд, ки он ду муртакиби гуноҳ [хиёнат ва дурӯғгӯӣ] шудаанд, ду тан аз касоне, ки мавриди ҷафои гувоҳон қарор гирифтаанд ва аз наздикон [-и майит] ҳастанд, ба ҷойи онон бархезанд ва ба Аллоҳ таоло савганд бихӯранд, ки: "Гувоҳии мо аз гувоҳии он ду дурустар аст ва мо [аз ҳақ] таҷовуз намекунем ва дар ғайри ин сурат, аз ситамгорон хоҳем буд"
Ин [равиш] наздиктар аст ба он ки шаҳодат ба сурати дурусташ адо шавад ё шоҳидон битарсанд, ки пас аз савганди онон [ворисон] савгандҳояшон рад шавад [ва хиёнаташон ошкор гардад] ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва [ин пандҳоро] бишнавед ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло мардуми [бадкор ва] нофармонро ҳидоят намекунад
Рӯзе [хоҳад расид], ки Аллоҳ таоло паёмбаронро гирд меоварад ва мепурсад: "[Умматҳоятон] Чи посухе ба [даъвати] шумо доданд"? Онон гӯянд: "Мо донише [ба ҳақиқати амр] надорем. Бе тардид, Туӣ, ки донои розҳои ниҳонӣ"
[Эй паёмбар, ёд кун аз] Ҳангоме ки Аллоҳ таоло фармуд: "Эй Исо – писари Марям, неъмати маро бар худ ва бар модарат ба ёд овар, он гоҳ ки туро бо Рӯҳ-ул-қудус [Ҷабраил] таъйид кардам, ки дар гаҳвора [ба эъҷоз] ва дар миёнсолӣ [ба ваҳй] бо мардум сухан мегуфтӣ ва он гоҳ ки ба ту китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил омӯхтам ва он гоҳ ки ба фармони Ман аз гил [чизе] ба шакли паранда месохтӣ ва дар он медамидӣ ва ба фармони Ман паррандае мешуд ва кӯри модарзоду бемории мубтало ба песиро ба фармони Ман шифо медодӣ ва он гоҳ ки мурдагонро ба фармони Ман [зинда аз қабр] берун меовардӣ ва он гоҳ ки [озори] Бани Исроилро – он гоҳ ки муъҷизоти ошкор барояшон оварда будӣ – аз ту боздоштам. Пас, касоне аз онон, ки куфр варзида буданд, гуфтанд: "Ин [корҳо чизе] нест магар афсуни ошкор"
Ва [Эй Исо, ба ёд овар] Замоне, ки ба ҳавориён ваҳй фиристодам, ки: "Ба Ман ва ба фиристодаам имон биёваред". Онон гуфтанд: "Имон овардем ва гувоҳ бош, ки мо таслим [-и фармонат] шудаем"
[Ва ёд кун аз] Он гоҳ ки ҳавориён гуфтанд: "Эй Исо – писари Марям, оё Парвардигорат метавонад суфрае [пур аз ғизо] аз осмон бар мо нозил кунад"? [Исо дар посух] Гуфт: "Агар муъмин ҳастед, аз Аллоҳ таоло парво кунед"
Онон гуфтанд: "Мехоҳем аз он бихӯрем ва дилҳоямон [ба рисолати ту] итминон ёбад ва бидонем, ки ба мо рост гуфтаӣ ва худ аз гувоҳони он бошем"
Исо – писари Марям - [дуо кард ва] гуфт: "Бор Илоҳо, Парвардигоро, суфраи [пурғизо] аз осмон бар мо бифрист, то иде бошад барои имрӯзиён ва ояндагонамон ва [ҳамчунин] муъҷизае аз [ҷониби Ту] бошад ва ба мо рӯзӣ деҳ, ки Ту беҳтарин рузидиҳандаӣ"
Аллоҳ таоло [дуои ӯро иҷобат кард ва] фармуд: "Ман онро бар шумо нозил мекунам, аммо ҳар касе аз шумо, ки пас аз он куфр биварзад, ӯро ба чунон азоб [-и сахт] дучор мекунам, ки ҳеҷ як аз ҷаҳониёнро ончунон азоб накарда бошам"
Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки [рӯзи қиёмат] Аллоҳ таоло мефармояд: "Эй Исо – писари Марям, оё ту ба мардум гуфтӣ, ки: "Ману модарамро [ҳамчун] ду маъбуд ба ҷойи Аллоҳ таоло баргузинед"? [Исо] мегӯяд: "[Бор Илоҳо] Ту муназзаҳӣ, шоиста нест, ки ман [дар бораи хештан] чизе, ки ҳаққам нест бигӯям. Агар чунин [суханеро] гуфта бошам, бе гумон, Ту медонӣ. Ту он чиро, ки дар нафси ман аст, медонӣ ва [-ле] ман он чиро, ки дар зоти [поки] Туст намедонам. Бе тардид, Ту худ донои розҳои ниҳонӣ
Ҷуз он чи маро ба он фармон додӣ, чизе ба онон нагуфтам. [Гуфтам, ки] "Аллоҳро бипарастед, ки Парвардигори ману шумост". Ва то замоне, ки миёнашон ба сар мебурдам, бар [суханони] онон гувоҳ будам ва чун маро [ба сӯйи Хеш] баргирифтӣ, Ту худ муроқибашон будӣ ва Ту бар ҳар чизе гувоҳӣ
Агар ононро [бо адолатат] азоб кунӣ, бандагони Ту ҳастанд ва агар ононро [бо раҳматат] бубахшоӣ, Туӣ, ки шикастнопазири ҳакимӣ"
Аллоҳ таоло мефармояд: "Имрӯз рӯзест, ки ростии ростгӯён ба онон суд мебахшад. Онон боғҳое [дар биҳишт] доранд, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва то абад ҷовидона дар он мемонанд. Аллоҳ таоло аз [аъмоли] онон хушнуд аст ва онон [низ] аз [подоши] Ӯ хушнуданд. Ин ҳамон растагории бузург аст"
Фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи дар онҳост, аз они Аллоҳ таоло аст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност