Ва агар [Аллоҳ таоло] барои мардум, бадиро бо ҳамон шитоб мехост, ки онон некиро мехоҳанд [ва нафринҳое, ки дар ҳаққи худ ва амволу фарзандонашон мекунанд, мустаҷоб мекард], ҳатман, аҷалашон фаро расида буд. Пас, касонеро ки ба дидори Мо умед [-у бовар] надоранд, вомегузорем, то дар [гумроҳӣ ва] саркашияшон саргардон бимонанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
11. Агар бо ҳамон шитоб, ки мардум барои худ хайр металабанд, Аллоҳ барояшон шар мерасонид, ҳароина, уқубат ва азоб онҳоро нобуд мекард. Пас ононро, ки ба дидори Мо умед надоранд ва аз азоби Мо наметарсанд, вомегузорем, то дар гумроҳии хеш саргардон бимонанд.
الترجمة الطاجيكية
۞وَلَوۡ يُعَجِّلُ ٱللَّهُ لِلنَّاسِ ٱلشَّرَّ ٱسۡتِعۡجَالَهُم بِٱلۡخَيۡرِ لَقُضِيَ إِلَيۡهِمۡ أَجَلُهُمۡۖ فَنَذَرُ ٱلَّذِينَ لَا يَرۡجُونَ لِقَآءَنَا فِي طُغۡيَٰنِهِمۡ يَعۡمَهُونَ
Агар бо ҳамон шитоб, ки мардум барои худ хайр металабанд, Худо барояшон шарр металабид, маргашон фаро расида буд. Пас ононро, ки ба дидори Мо умед надоранд, вомегузорем, то дар гумроҳии худ саргардон бимонанд.
Tajik - Tajik translation