Оё барои мардум муҷиби шигифтист, ки ба марде аз худашон ваҳй кардаем, ки: «Ба мардум [дар бораи азоби охират] ҳушдор бидеҳ ва ба касоне, ки имон овардаанд, башорат бидеҳ, ки барои онон назди Парвардигорашон подоши накуст»? Кофирон гуфтанд: «Ин [мард], ҳатман, ҷодугари ошкор аст»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
2. Оё мардуми Макка дар тааҷҷубанд, аз ин ки бар марде аз худашон ваҳй кардем, ки мардумро битарсон ва мӯъминонро мужда деҳ, ба ин ки дар назди Парвардигорашон пойгоҳи баланде(1) доранд? Пас, чун Расули Аллоҳ барояшон ваҳйи илоҳиро тиловат кард, кофирон гуфтанд, ки ин Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҷодугарест ошкоро!(2)
____________________
1. Савоби некӣ. 2. Тафсири Бағавӣ 4/120
____________________
1. Савоби некӣ. 2. Тафсири Бағавӣ 4/120
الترجمة الطاجيكية
أَكَانَ لِلنَّاسِ عَجَبًا أَنۡ أَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ رَجُلٖ مِّنۡهُمۡ أَنۡ أَنذِرِ ٱلنَّاسَ وَبَشِّرِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَنَّ لَهُمۡ قَدَمَ صِدۡقٍ عِندَ رَبِّهِمۡۗ قَالَ ٱلۡكَٰفِرُونَ إِنَّ هَٰذَا لَسَٰحِرٞ مُّبِينٌ
Оё мардум дар тааҷҷубанд, аз ин ки бар марде аз худашон ваҳй кардем, ки мардумро битарсон ва мӯъминонро хушхабар деҳ, ки дар назди Парвардигорашон пойгоҳе баланд доранд? Кофирон гуфтанд, ки ин мард ошкоро ҷодугарест!
Tajik - Tajik translation