Ӯст, ки хуршедро дурахшон намуд ва моҳро тобон кард ва барояш ҷойгоҳҳо [-и мушаххасе] қарор дод то [бо тағйир ва вазъи моҳ] шумориши солҳо ва ҳисоб [-и зиндагии худ]-ро бидонед. Аллоҳ таоло инҳоро ҷуз ба ҳақ наофаридааст. Ӯ нишона[-ҳои худ]-ро барои гурӯҳе, ки медонанд, ба тафсил баён мекунад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
5. Ӯст, он ки хуршедро дурахшанда ва моҳро мунаввар сохт ва барои моҳ манзилҳо(1) муайян кард, то шумори сол ва ҳисобро бидонед. Аллоҳ ҳамаи инҳоро ҷуз ба ҳақ наёфарид ва оётро барои мардуме, ки медонанд, ба тафсил баён мекунад.
____________________
1. Ба офтоб рӯзро ва ба маҳтоб моҳу солҳо дониста мешаванд. Тафсири Ибни Касир 4\248
____________________
1. Ба офтоб рӯзро ва ба маҳтоб моҳу солҳо дониста мешаванд. Тафсири Ибни Касир 4\248
الترجمة الطاجيكية
هُوَ ٱلَّذِي جَعَلَ ٱلشَّمۡسَ ضِيَآءٗ وَٱلۡقَمَرَ نُورٗا وَقَدَّرَهُۥ مَنَازِلَ لِتَعۡلَمُواْ عَدَدَ ٱلسِّنِينَ وَٱلۡحِسَابَۚ مَا خَلَقَ ٱللَّهُ ذَٰلِكَ إِلَّا بِٱلۡحَقِّۚ يُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ
Ӯст он, ки хуршедро равшанӣ бахшиду моҳро мунаввар сохт ва барояш манозиле муъайян кард, то аз шумори солҳо ва ҳисоб огоҳ шавед. Худо ҳамаи инҳоро ҷуз ба ҳақ наёфарид ва оётро барои мардуме, ки медонанд, батафсил баён мекунад.
Tajik - Tajik translation