Ва касоне, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд, [дар бораи] рӯзи қиёмат чи мепиндоранд? Бе гумон, Аллоҳ таоло бар [ҳамаи] мардум фазл [-у бахшиш] дорад, вале бештарашон сипос намегузоранд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
60. Онон, ки дар бораи рӯзи қиёмат ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд, чӣ гумон кардаанд? Оё гумон мекунанд, ки бо ин кирдорашон гуноҳонашон омурзида мешавад? Аллоҳ фазли худро ба мардумон арзонӣ медорад, ки онҳоро зуд ба азоб намегирад, балки дар дунё мӯҳлаташон медиҳад, вале бештаринашон шукр намегӯянд ва ба худ вазнинӣ меоранд ва ҳалолкардаи Аллоҳро бар худ ҳаром мекунанд!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\276
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\276
الترجمة الطاجيكية
وَمَا ظَنُّ ٱلَّذِينَ يَفۡتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَشۡكُرُونَ
Онон, ки ба Худо дурӯғ мебанданд, дар бораи рӯзи қиёмат чӣ гумон кардаанд? Худо фазли худро ба мардумон арзонӣ медорад, вале бештаринашон шукр намегуянд!
Tajik - Tajik translation