Ва аммо он девор барои ба ду писарбачаи ятим дар он шаҳр буд ва зери он ганҷе буд, ки ба он ду тааллуқ дошт ва падарашон [низ] марде дурусткор буд; пас, Парвардигорат хост, ки онон ба ҳадди булуғ бирасанд ва ганҷи хешро [аз зери он девор] берун оваранд. Ин раҳмате аз ҷониби Парвардигори ту буд ва ман ин [корҳо]-ро худсарона накардам, ин буд тавзеҳ [ва далели] корҳое, ки натавонистӣ дар баробараш шикебоӣ кунӣ»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
82. Аммо девор аз они ду ятими мардуми ин шаҳр буд, дар зераш ганҷе буд аз они писарон. Падарашон марди солеҳе буд. Парвардигори ту мехост он ду бар ҳадди балоғат (ба воя) расанд ва ганҷи худро берун оранд. Ва ман ин корро ба майли худ накардам, балки ба амри Аллоҳ кардам. Раҳмати Парвардигори ту буд. Ин аст таъвили он чи ки дар он сабр карда натавонистӣ.(1).
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/198.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/198.
الترجمة الطاجيكية
وَأَمَّا ٱلۡجِدَارُ فَكَانَ لِغُلَٰمَيۡنِ يَتِيمَيۡنِ فِي ٱلۡمَدِينَةِ وَكَانَ تَحۡتَهُۥ كَنزٞ لَّهُمَا وَكَانَ أَبُوهُمَا صَٰلِحٗا فَأَرَادَ رَبُّكَ أَن يَبۡلُغَآ أَشُدَّهُمَا وَيَسۡتَخۡرِجَا كَنزَهُمَا رَحۡمَةٗ مِّن رَّبِّكَۚ وَمَا فَعَلۡتُهُۥ عَنۡ أَمۡرِيۚ ذَٰلِكَ تَأۡوِيلُ مَا لَمۡ تَسۡطِع عَّلَيۡهِ صَبۡرٗا
Аммо девор аз они ду писари ятим аз мардуми ин шаҳр буд, дар зераш ганҷе буд аз они писарон. Падарашон марде солеҳ буд, Парвардигори ту мехост он ду ба ҳадди булуғ расанд ва ганҷи худро берун оранд. Ва ман ин корро ба майли худ накардам. Раҳмати Парвардигорат буд. Ин аст сирри он сухан, ки гуфтам: «Туро сабри он нест».
Tajik - Tajik translation