Оё надидӣ, ки ҳар ки дар осмонҳо ва ҳар ки дар замин аст ва хуршед ва моҳу ситорагон ва кӯҳҳо ва дарахтон ва ҷунбандагон ва бисёре аз мардум барои Аллоҳ таоло саҷда мекунанд? Ва бисёре низ ҳастанд, ки [дар натиҷаи сарпечӣ аз парастиш фармони] азоб бар онон таҳаққуқ ёфтааст ва ҳар ки Аллоҳ таоло хораш созад, касе гиромиаш намедорад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад анҷом медиҳад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
18. Оё надидаӣ, (эй Паёмбар), тамоми касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд ва офтобу моҳ ва ситорагону кӯҳҳо ва дарахтону чаҳорпоён ва бисёре аз мардум Аллоҳро саҷда мекунанд. Ва бисёр касоне ҳастанд, ки азоб бар онҳо муқаррар шудааст ва ҳар киро Аллоҳ хор созад, гиромидорандае надорад. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ
ҳар чӣ бихоҳад, ҳамон мекунад.
ҳар чӣ бихоҳад, ҳамон мекунад.
الترجمة الطاجيكية
أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يَسۡجُدُۤ لَهُۥۤ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ وَٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ وَٱلنُّجُومُ وَٱلۡجِبَالُ وَٱلشَّجَرُ وَٱلدَّوَآبُّ وَكَثِيرٞ مِّنَ ٱلنَّاسِۖ وَكَثِيرٌ حَقَّ عَلَيۡهِ ٱلۡعَذَابُۗ وَمَن يُهِنِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِن مُّكۡرِمٍۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَفۡعَلُ مَا يَشَآءُ۩
Оё надидаӣ, ки ҳар кас дар осмонҳову ҳар кас, ки дар замин аст ва офтобу моҳ ва ситорагону кӯҳҳо ва дарахтону ҷунбандагон ва бисёре аз мардум Худоро саҷда мекунанд? Ва бар бисёре азоб муқаррар шуда ва ҳар киро Худо хор созад, ҳеҷ кас гиромиаш намедорад. Зеро Худо ҳар чӣ бихоҳад, ҳамон мекунад. (Сачда).
Tajik - Tajik translation