Ва аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки соиқаро барои биму умед нишонатон медиҳад ва аз осмон обе мефиристад ва заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш – бо он зинда месозад. Бе гумон, дар ин умур барои онон, ки меандешанд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
24. Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургӣ ва камоли қудрати Ӯ, ки барқро барои тарсонидан ва умедвор сохтан(1) ба шумо нишон медиҳад. Ва аз осмон борон мефиристад, пас замини мурдаро бо он зинда месозад. Албатта, дар ин ибратҳоест далолаткунанда бар камоли қудрат ва ҳикмат ва эҳсони Ӯ барои касоне, ки ба ақл дармеёбанд.(2)
____________________
1. Яъне, тарс аз соиқаҳо ва умед ба борон. Тафсири Саъдӣ 1/ 639 2. Тафсири Саъдӣ 1\639
____________________
1. Яъне, тарс аз соиқаҳо ва умед ба борон. Тафсири Саъдӣ 1/ 639 2. Тафсири Саъдӣ 1\639
الترجمة الطاجيكية
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦ يُرِيكُمُ ٱلۡبَرۡقَ خَوۡفٗا وَطَمَعٗا وَيُنَزِّلُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَيُحۡيِۦ بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَآۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки барқро ба қасди биму умед ба шумо менамоёнад. Ва аз осмон борон мефиристад то замини мурдаро ба он зинда созад. Дар ин ибратҳоест барои касоне, ки ба ақл дармеёбанд.
Tajik - Tajik translation