Он чи аз амвол [-и худ, ки ба қасд]-и рибо ба мардум медиҳед, то [бо пас гирифтани он ба мизони бештаре бар амволатон] афзун гардад, назди Аллоҳ таоло афзоиш намеёбад, ва[-ле] он чи барои хушнудии Аллоҳ таоло [ба унвони] закот мепардозед, [баракату афзоиш меёбад] ва [касоне, ки чунин мекунанд] инонанд, ки подошашон [назди Аллоҳ таоло] чанд баробар мегардад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
39. Ва он моле, ки ба қасди рибо медиҳед, то фоидаи шумо аз моли мардум биафзояд, пас назди Аллоҳ ҳеҷ наафзояд ва моле, ки барои хушнудии Аллоҳ аз боби закоту садақа медиҳед, баракати он биафзояд. Касоне,
ки чунин кунанд, пас инҳо, подоши дучанд доранд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\84
ки чунин кунанд, пас инҳо, подоши дучанд доранд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\84
الترجمة الطاجيكية
وَمَآ ءَاتَيۡتُم مِّن رِّبٗا لِّيَرۡبُوَاْ فِيٓ أَمۡوَٰلِ ٱلنَّاسِ فَلَا يَرۡبُواْ عِندَ ٱللَّهِۖ وَمَآ ءَاتَيۡتُم مِّن زَكَوٰةٖ تُرِيدُونَ وَجۡهَ ٱللَّهِ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُضۡعِفُونَ
Моле, ки ба рибо медиҳед, то дар амволи мардум афзун шавад, назди Худо ҳеҷ афзун намешавад ва моле, ки барои хушнудии Худо аз бобати закот медиҳед, зиёд шавад, касоне ки чунин кунанд, мукофоти музоъаф (дучанд) доранд.
Tajik - Tajik translation