Эй касоне, ки имон овардаед, барподорандаи адолат бошед [ва] барои Аллоҳ таоло шаҳодат диҳед, агарчи ба зиёни худатон ё падару модар ва наздикон [-и шумо] бошад. Агар [яке аз ду тарафи даъво] тавонгар ё ниёзманд бошад, [боз ҳам] Аллоҳ таоло [аз шумо] ба он ду нафар сазовортар аст, пас, аз ҳавои нафс пайравӣ накунед, ки [аз ҳақ] мунҳариф мешавед. Ва агар забонро бигардонед, [ва ҳақро таҳриф кунед] ё [аз изҳори он] худдорӣ намоед, мусалламан, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
135. Эй касоне, ки имон овардед, барподорандаи адл бошед ва барои Аллоҳ шаҳодат диҳед, ҳарчанд ба зиёни худ ё падару модар ё хешовандони шумо, чӣ тавонгар ва чӣ тангдаст бошанд. Зеро Аллоҳ бар он ду (сарватманду камбағал) сазовортар (меҳрубонтар) аст. Пас аз хоҳишҳои нафс пайравӣ макунед, то аз адл рӯй
гардонед. Чун дигар кунед суханро (яъне, нодуруст гувоҳӣ диҳед) ё аз он шаҳодат рӯй тобед, Аллоҳ ба ҳар чӣ мекунед, (ошкору пинҳон) огоҳ аст! (1)
____________________
1. Ин оят ҳушдор аст барои онон, ки нодуруст гувоҳи медиҳанд ё аз гувоҳии барҳақ рӯй метобанд. Тафсири Саъдӣ 1/209
гардонед. Чун дигар кунед суханро (яъне, нодуруст гувоҳӣ диҳед) ё аз он шаҳодат рӯй тобед, Аллоҳ ба ҳар чӣ мекунед, (ошкору пинҳон) огоҳ аст! (1)
____________________
1. Ин оят ҳушдор аст барои онон, ки нодуруст гувоҳи медиҳанд ё аз гувоҳии барҳақ рӯй метобанд. Тафсири Саъдӣ 1/209
الترجمة الطاجيكية
۞يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُونُواْ قَوَّـٰمِينَ بِٱلۡقِسۡطِ شُهَدَآءَ لِلَّهِ وَلَوۡ عَلَىٰٓ أَنفُسِكُمۡ أَوِ ٱلۡوَٰلِدَيۡنِ وَٱلۡأَقۡرَبِينَۚ إِن يَكُنۡ غَنِيًّا أَوۡ فَقِيرٗا فَٱللَّهُ أَوۡلَىٰ بِهِمَاۖ فَلَا تَتَّبِعُواْ ٱلۡهَوَىٰٓ أَن تَعۡدِلُواْۚ وَإِن تَلۡوُۥٓاْ أَوۡ تُعۡرِضُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٗا
Эй касоне, ки имон овардаед, ба адолат фармонраво бошед ва барои Худо шоҳидӣ диҳед, ҳарчанд ба зиёни худ ё падару модар ё хешовандони шумо — чӣ тавонгар ва чӣ дарвеш бошад. Зеро Худо ба он ду сазовортар аст. Пас ба ҳавои нафс паправӣ макунед, то аз шаҳодати ҳақ рӯй гардонед. Чӣ забонбозӣ кунед ё аз он рӯй тобед, Худо ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст!
Tajik - Tajik translation