Бе тардид, мунофиқон [бо дурӯғгӯӣ ва тазоҳурашон] бо Аллоҳ таоло фиребкорӣ мекунанд [ва ҳол он ки ба сазои рафторашон] Аллоҳ таоло фиребдиҳандаи ононаст; ва чун ба намоз бархезанд, бо сустӣ ва коҳилӣ бармехезанд [ва] бо мардум риёкорӣ мекунанд ва Аллоҳро ҷуз андаке ёд намекунанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
142. Мунофиқон Аллоҳро ба гумони худашон фиреб додан мехоҳанд ва ҳол он ки Аллоҳ онҳоро мувофиқи фиребу макрашон ҷазо медиҳад. Ва чун ба намоз бархезанд, ба ночорӣ бархезанд (танбалӣ ва сустии онон бад-он хотир аст, ки дилҳояшон ба намоз алоқа надорад) ва барои худнамоӣ (риё) намоз бихонанд ва дар намоз, ҷуз андаке Аллоҳро ёд накунанд. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/210
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/210
الترجمة الطاجيكية
إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ يُخَٰدِعُونَ ٱللَّهَ وَهُوَ خَٰدِعُهُمۡ وَإِذَا قَامُوٓاْ إِلَى ٱلصَّلَوٰةِ قَامُواْ كُسَالَىٰ يُرَآءُونَ ٱلنَّاسَ وَلَا يَذۡكُرُونَ ٱللَّهَ إِلَّا قَلِيلٗا
Мунофикон Худоро фиреб медиҳанд ва ҳол он ки Худо онҳоро фиреб медиҳад. Ва чун ба намоз бархезанд, бо сустӣ бархезанд ва барои худнамоӣ намоз кунанд ва дар намоз, ҷуз андаке, Худоро ёд накунанд.
Tajik - Tajik translation