[Эй паёмбар] Аҳли китоб аз ту мехоҳанд, ки [ба нишонаи ростгӯӣ] барояшон китобе аз осмон нозил кунӣ. [Ин дархосташонро бузург машмор, зеро онон] Аз Мӯсо [чизи бузургтар ва] аҷибтар аз ин хостанд ва гуфтанд: "Аллоҳро ошкоро ба мо нишон бидеҳ". Он гоҳ ба хотири дархости ноҳақашон, соиқа [ё марге] ононро фурӯ гирифт, он гоҳ [чун Аллоҳ таоло ононро дубора зинда кард] пас аз он ки нишонаҳои ошкор барояшон омад, гӯсолапарастӣ карданд, ва [-ле мо пас аз он ки тавба карданд] аз он [гуноҳашон низ] даргузаштем ва ба Мӯсо далели ошкор бахшидем
الترجمة الطاجيكية - عارفي
153. Аҳли китоб (яҳудиён) аз ту мехоҳанд (эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки барояшон Қуръон якбора нозил шавад, (он тавр ки Таврот ва Инҷил якбора нозил шудаанд,
то ин ки ба рост будани паёмбарии ту далолат кунад.) Онҳо (яҳудиёни қавми Мӯсо) аз Мӯсо бузургтар аз инро талаб карданд ва гуфтанд: «Аллоҳро ошкор ба мо нишон деҳ». Ба сабаби ин сухани куфромезашон соиқаи азоб (оташак) онҳоро ҳалок кард. Ва пас аз он ки мӯъҷизаҳое (1) барояшон омада буд, гусолаеро
маъбуди худ гирифтанд ва Мо онҳоро бахшидем ва Мӯсоро ҳуҷҷати ошкоре додем. (2)
____________________
1. Яъне ҳалок шуданд ба он соиқа ва баъд аз он зинда шуданд 2. Тафсири Табарӣ 9/360

الترجمة الطاجيكية
يَسۡـَٔلُكَ أَهۡلُ ٱلۡكِتَٰبِ أَن تُنَزِّلَ عَلَيۡهِمۡ كِتَٰبٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِۚ فَقَدۡ سَأَلُواْ مُوسَىٰٓ أَكۡبَرَ مِن ذَٰلِكَ فَقَالُوٓاْ أَرِنَا ٱللَّهَ جَهۡرَةٗ فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلصَّـٰعِقَةُ بِظُلۡمِهِمۡۚ ثُمَّ ٱتَّخَذُواْ ٱلۡعِجۡلَ مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡبَيِّنَٰتُ فَعَفَوۡنَا عَن ذَٰلِكَۚ وَءَاتَيۡنَا مُوسَىٰ سُلۡطَٰنٗا مُّبِينٗا
Аҳли китоб аз ту мехоҳанд, ки барояшон китобе аз осмон нозил кунӣ. Инҳо бузургтар аз инро аз Мӯсо талаб карданд ва гуфтанд: «Худоро ба ошкор ба мо нишон деҳ». Ба сабаби ин сухани куфромезашон оташак онҳоро фурӯ гирифт. Ба пас аз он ки мӯъҷизаҳое барояшоя омада буд, гӯсолаеро ба худоӣ гирифтанд ва Мо ононро бахшидем ва Мӯсоро мӯъҷизае ошкор додем.
Tajik - Tajik translation