Эй мардум, ин паёмбар аз ҷониби Парвардигоратон [ҳидояту дини] ҳақро бароятон овардааст, пас, имон биёваред, ки ба хайр [-у салоҳ]-и шумост. Ва агар [суханашро напазиред ва] куфр биварзед, [бидонед, ки] он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст [ва куфри шумо бар Ӯ зиёне намерасонад] ва Аллоҳ таоло ҳамвора донои ҳаким аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
170. Эй мардум! Ин паёмбар (Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)) ҳақ ва ҳақиқатро аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо овардааст, пас ба ӯ имон биёваред ва ӯро пайравӣ намоед, ки имон овардан беҳтар бошад барои шумо. Ва агар бар куфри худ давомат кардед зарари худи шумост, зеро Аллоҳ ба шумо ва имонатон эҳтиёҷ надорад.
Ҳамоно он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ аст. Ва Ӯ доно аст ба гуфтору кирдори шумо ва медонад чи касе сазовори ҳидоят ё гумроҳӣ аст! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 9/412
Ҳамоно он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ аст. Ва Ӯ доно аст ба гуфтору кирдори шумо ва медонад чи касе сазовори ҳидоят ё гумроҳӣ аст! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 9/412
الترجمة الطاجيكية
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ قَدۡ جَآءَكُمُ ٱلرَّسُولُ بِٱلۡحَقِّ مِن رَّبِّكُمۡ فَـَٔامِنُواْ خَيۡرٗا لَّكُمۡۚ وَإِن تَكۡفُرُواْ فَإِنَّ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمٗا
Эй мардум, паёмбаре ба ҳақ аз ҷониби Худо бар шумо фиристода шуд, пас ба ӯ имон биёваред, ки хайри шумо дар он аст. Ва агар ҳам кофир шавед, аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Ва Ӯ донову ҳаким аст!
Tajik - Tajik translation