Эй [масеҳиёни] аҳли китоб, дар дини худ ғулув накунед ва дар бораи Аллоҳ таоло ҷуз [сухани] ҳақ нагӯед. Бе тардид, Масеҳ – Исо писари Марям – фиристодаи Аллоҳ таоло ва калимаи Ӯст, ки [амр кард: "Бош", пас, бедиранг мавҷуд шуд ва бад-ин сурат ба амри Аллоҳ таоло [Ҷабраил] вайро ба Марям илқо кард ва [Исо] рӯҳе аз ҷониби Ӯст. Пас, ба Аллоҳ таоло ва паёмбаронаш имон биёваред ва нагӯед: "[Маъбуд] Сегона аст". [Аз ин сухан] Бозистед, ки барои шумо беҳтар аст. Аллоҳ таоло танҳо маъбуди ягона аст [ва] аз ин ки фарзанде дошта бошад, пок [-у муназзаҳ] аст. Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва ҳамин бас аст, ки Аллоҳ таоло коргузор [-у муроқиби махлуқот] бошад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
171. Эй аҳли китоб! Дар дини худ аз ҳад нагузаред ва дар бораи Аллоҳ ҷуз ҳақ чизи дигаре нагуед ва ба Аллоҳ ҳамсар ва фарзанд қарор мадиҳед, ҳамоно Исои Масеҳ писари Марям фиристодаи Аллоҳ аст, Аллоҳ ӯро ба ҳақ фиристод ва ӯро ба ҳамон калимае халқ намуд, ки онро бо воситаи Ҷабраил ба сӯи Марям фиристод ва он иборат буд аз фармудаи худаш "Кун", (Бишав), пас шуд. Ва рӯҳе аст, ки Аллоҳ офаридааст, пас ба Аллоҳ ва паёмбараш имон биёваред ва нагӯед: "Аллоҳ сегона аст". (1) Бозистед аз гуфтани ин сухан, ки барои шумо беҳтар аст, ҳамоно Аллоҳ фақат маъбуди ягона аст. Пок аст, аз ин ки фарзанде дошта бошад. Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Ва Ӯ тадбири кори осмонҳо ва заминро басандааст. Аз ҳама чиз бениёз аст ва ҳама ба Ӯ ниёзманданд, пас чӣ гуна Ӯ дорои фарзанде аст? (2)
____________________
1. Ононро наҳӣ кард, аз ин ки Аллоҳро севумини сеи Аллоҳ қарор диҳанд. Яке аз онҳо Исо аст ва дуввумин Марям. Тафсири Саъдӣ 1\216 2. Тафсири Саъдӣ 1/216
____________________
1. Ононро наҳӣ кард, аз ин ки Аллоҳро севумини сеи Аллоҳ қарор диҳанд. Яке аз онҳо Исо аст ва дуввумин Марям. Тафсири Саъдӣ 1\216 2. Тафсири Саъдӣ 1/216
الترجمة الطاجيكية
يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لَا تَغۡلُواْ فِي دِينِكُمۡ وَلَا تَقُولُواْ عَلَى ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡحَقَّۚ إِنَّمَا ٱلۡمَسِيحُ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَ رَسُولُ ٱللَّهِ وَكَلِمَتُهُۥٓ أَلۡقَىٰهَآ إِلَىٰ مَرۡيَمَ وَرُوحٞ مِّنۡهُۖ فَـَٔامِنُواْ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦۖ وَلَا تَقُولُواْ ثَلَٰثَةٌۚ ٱنتَهُواْ خَيۡرٗا لَّكُمۡۚ إِنَّمَا ٱللَّهُ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۖ سُبۡحَٰنَهُۥٓ أَن يَكُونَ لَهُۥ وَلَدٞۘ لَّهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ وَكِيلٗا
Эй аҳли китоб, дар дини хеш аз ҳад нагузаред ва дар бораи Худо ҷуз сухани ҳақ магӯед. Албатта Исо — писари Марям, паёмбари Худо ва калимаи Ӯ буд, ки ба Марямаш афканд ва рӯҳе аз Ӯ буд. Пас ба Худо ва паёмбарокаш имон биёваред ва магӯед, ки се аст. Аз ин андешаҳо бозистед, ки хайри шумо дар он хоҳад буд. Ҷуз ин нест, ки Оллоҳ худоест якто. Пок аст аз ин, ки соҳиби фарзанде бошад. Аз они Ӯст он чӣ дар осмонҳову замин аст ва Худо корсозиро кофист!
Tajik - Tajik translation