Эй касоне, ки имон овардаед, барои шумо ҳалол нест, ки занон [-и падаронатон]-ро бар хилофи майлашон ба ирс баред [ё маҷбур ба издивоҷ бо дигарон кунед] ва [дар мавриди ҳамсарони худатон низ ҳукм ин аст, ки] ононро зери фишор қарор надиҳед, то бархе аз он чиро, ки [ба унвони маҳрия] ба эшон додаед, пас бигиред, магар ин ки муртакиби амали ношоистаи ошкоре [монанди зино] шаванд. [Аммо дар мавриди занони покдомани худ накугуфтор бошед] Ва бо онҳо ба таври шоиста рафтор кунед ва агар аз онон [хушатон наёмад ва] кароҳат доштед, пас, [шикебоӣ кунед]. Чи басо чизеро хуш намедоред ва Аллоҳ таоло хайри бисёре дар он қарор медиҳад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
19. Эй касоне, ки имон овардаед! Барои шумо ҳалол нест, ки занонро мерос гиред ва онҳо нохуш бошанд; ва онҳоро манъ накунед аз никоҳ бо ҳар ки хоҳанд, то баъзе он чиро ки ба онҳо додаед, ба даст оред; магар ин ки ошкоро кори бад бикунанд! Ва ба онҳо ба таври шоиста зиндагӣ кунед ва агар ҳам онҳоро намеписандед, пас шояд, ки шумо чизеро намеписандед ва Аллоҳ дар он хайр ва некии фаровонеро қарор медиҳад. (1)
____________________
1. Яъне, дар ҷоҳилият, ки ҳаргоҳ яке аз онҳо мемурд, бародараш ё амакбачаҳояш худро ба ҳамсари бародараш ҳақдортар медонист ва зани ӯро иҷозат намедод бо дигаре издивоҷ кунад, хоҳ он зан мехост ё намехост ва агар бародари шавҳар ё хешовандонаш он занро меписандид, вайро бо маҳри дилхоҳи худ ба ақди худ медаровард ва агар вайро намеписандид, ӯро таҳти фишор қарор медод ва ба акди каси дигар медаровард. Тафсири Саъдӣ 1 \ 172 ва Тафсири Табарӣ 8\ 104

الترجمة الطاجيكية
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا يَحِلُّ لَكُمۡ أَن تَرِثُواْ ٱلنِّسَآءَ كَرۡهٗاۖ وَلَا تَعۡضُلُوهُنَّ لِتَذۡهَبُواْ بِبَعۡضِ مَآ ءَاتَيۡتُمُوهُنَّ إِلَّآ أَن يَأۡتِينَ بِفَٰحِشَةٖ مُّبَيِّنَةٖۚ وَعَاشِرُوهُنَّ بِٱلۡمَعۡرُوفِۚ فَإِن كَرِهۡتُمُوهُنَّ فَعَسَىٰٓ أَن تَكۡرَهُواْ شَيۡـٔٗا وَيَجۡعَلَ ٱللَّهُ فِيهِ خَيۡرٗا كَثِيرٗا
Эй касоне, ки имон овардаед, шуморо ҳалол нест, ки занонро бар хилофи майлашон мерос бибаред. Ва то қисмате аз он чиро, ки ба онҳо додаед, бозпас ситонед, бар онҳо сахт магиред, ғайри он ки гуноҳи фаҳши исботшуда карда бошанд. Ва бо онон ба некӯӣ рафтор кунед. Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чӣ басо чизҳо, ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле, ки Худо хайри бисёре дар он ниҳода бошад.
Tajik - Tajik translation