Мардон бар занон сарпарасту нигаҳбонанд, ба хотири он ки Аллоҳ таоло бархе аз эшонро бар бархе бартарӣ додааст ва [низ] ба хотири он ки аз амволи хеш [барои занон] харҷ мекунанд. Пас, занони солеҳ, [ононад, ки ҳам аз Аллоҳ таоло ва ҳам аз шавҳаронашон] фармонбардоранд [ва] ба поси он чи Аллоҳ таоло [барояшон] ҳифз кардааст [асрору ҳуқуқи шавҳарони худро] дар ғайби [онон] ҳифз мекунанд. Ва [эй шавҳарон] ба заноне, ки аз нофармониашон бим доред, панду андарз диҳед, [агар фармонбардор нашуданд] дар бистар аз эшон дурӣ кунед [ва агар таъсир накард], ононро [тавре, ки озор набинанд] бизанед. Пас, агар аз шумо итоат карданд, ҳеҷ роҳе [барои баҳонаҷӯӣ ва сарзаниш] бар онҳо маҷӯед [ва бидонед, ки] ба ростӣ, Аллоҳ таоло баландмартабаи бузург аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
34. Мардон сарпарасти занон ҳастанд ба хотири ин ки Аллоҳ мардонро бар занон бартарӣ додааст ва низ ба хотири ин ки аз молҳояшон харҷ мекунанд ва либосу маскани онҳоро тайёр менамоянд. Пас занони солеҳа онҳое ҳастанд, ки фармонбардори Аллоҳ буда ва дар пинҳонӣ ва дар ғиёби шавҳарашон аз онҳо итоъат мекунанд ва ин аз он сабаб аст, ки Аллоҳ онҳоро муҳофизат намуда тавфиқ додааст. Ва занонеро, ки аз саркашии онҳо бим доред, онҳоро насиҳат кунед, сипас бистари худро ҷудо кунед, сипас онҳоро бизанед, пас агар аз шумо итоъат карданд, дигар роҳе барои эшон наҷӯед (яъне онҳоро талоқ надиҳед), ҳамоно Аллоҳ баландмартабаи бузургқадр аст.
الترجمة الطاجيكية
ٱلرِّجَالُ قَوَّـٰمُونَ عَلَى ٱلنِّسَآءِ بِمَا فَضَّلَ ٱللَّهُ بَعۡضَهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ وَبِمَآ أَنفَقُواْ مِنۡ أَمۡوَٰلِهِمۡۚ فَٱلصَّـٰلِحَٰتُ قَٰنِتَٰتٌ حَٰفِظَٰتٞ لِّلۡغَيۡبِ بِمَا حَفِظَ ٱللَّهُۚ وَٱلَّـٰتِي تَخَافُونَ نُشُوزَهُنَّ فَعِظُوهُنَّ وَٱهۡجُرُوهُنَّ فِي ٱلۡمَضَاجِعِ وَٱضۡرِبُوهُنَّۖ فَإِنۡ أَطَعۡنَكُمۡ فَلَا تَبۡغُواْ عَلَيۡهِنَّ سَبِيلًاۗ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلِيّٗا كَبِيرٗا
Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон сардорӣ доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шӯй афифанд (пок) ва фармони Худоро нигоҳ медоранд. Ва он занонро, ки аз нофармонияшон бим доред, панд диҳед ва аз хобгоҳашон дурӣ кунед ва бизанедашон. Агар фармонбардорӣ карданд, аз он пас дигар роҳи зулм пеш нагиред. Ва Худо баландпояву бузург аст!
Tajik - Tajik translation