Оё афроде [аз қавми яҳуд]-ро, ки баҳрае аз китоби [осмонӣ] ба онон дода шудааст, надидаӣ [ки чи гуна] ба бутҳо ва маъбудони ботил имон меоваранд? [Ин афрод аз рӯйи дӯстӣ ва мадоро] Дар бораи касоне, ки куфр варзидаанд, мегӯянд: "Инон аз касоне, ки имон овардаанд, ҳидоятёфтатаранд"
الترجمة الطاجيكية - عارفي
51. Оё касонеро намебинӣ, ки баҳрае аз Китоб дода шудаанд?! Ахлоқи зишт ва палидашон ононро водор кард, то аз имон ба Аллоҳ ва паёмбараш рӯй бигардонанд ва ба ҷибт (бутон) ва тоғут (1) имон биёваранд. Ва ба кофирон мегӯянд: "Инҳо аз касоне, ки имон овардаанд, роҳёбандатаронанд". (2)
____________________
1. Имон ба ҷибт ва тоғут шомили ҳар ибодатест, ки барои ғайри Аллоҳ анҷом мешавад. Е ҳукм кардан ба ғайр аз он чи ки Аллоҳ машруъ намудааст. Пас сеҳр ва ғайбгӯӣ ва парастиши ғайри Аллоҳ ва итоати шайтон ҳама мисдоқе аз ҷибт ва тоғутанд
2. Тафсири Саъдӣ 1/182

الترجمة الطاجيكية
أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ أُوتُواْ نَصِيبٗا مِّنَ ٱلۡكِتَٰبِ يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡجِبۡتِ وَٱلطَّـٰغُوتِ وَيَقُولُونَ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ هَـٰٓؤُلَآءِ أَهۡدَىٰ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ سَبِيلًا
Оё касонеро, ки насибе аз китоб дода шудаанд, надидаӣ, ки ба Ҷибту Тоғут имон меоваравд ва дар бораи кофирон мегӯянд, ки роҳи инон аз роҳи мӯъминон ба ҳидоят наздиктар аст?
Tajik - Tajik translation