Ҳар куҷо бошед, марг шуморо дармеёбад, ҳарчанд дар бурҷҳои устувор бошед. Ва агар ба онон [мунофиқон] хайре [ҳамчун фарзанд ва моли фаровон] бирасад, мегӯянд: "Ин аз ҷониби Аллоҳ таоло аст" ва агар шарре [ҳамчун маргу зиёни молӣ] ба эшон бирасад, [расули Аллоҳро бадном медонанд ва ба ӯ] мегӯянд: "Ин аз ҷониби туст". [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Ҳама [чиз] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст". Чаро ин қавм ҳозир нестанд, ки суханеро дарк кунанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
78. Ҳар куҷо бошед, марг шуморо дар ҳар замон ва маконе дармеёбад. Агар чи дар қасрҳои маҳкам ва манзилҳои баланде бошед. Ва замоне, ки аз некӣ аз фаровонии мол ва фарзандон ва саломатӣ бархӯрдор бошанд, мегӯянд: Ин аз ҷониби Аллоҳ аст. Ва агар мусибат ва мушкилие бар онҳо бирасад ва дучори фақр ва беморӣ ва аз даст додани фарзандон ва дӯстон гарданд, мегӯянд:
Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)! ин ба сабаби чизе аст, ки ту пеши мо овардаӣ. Бигӯ: "Ҳама аз ҷониби Аллоҳ аст". Ин мардумро чи шудааст, ки ҳеҷ суханеро намефаҳманд ва ба фаҳмидани он наздик ҳам намешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 2/252
Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)! ин ба сабаби чизе аст, ки ту пеши мо овардаӣ. Бигӯ: "Ҳама аз ҷониби Аллоҳ аст". Ин мардумро чи шудааст, ки ҳеҷ суханеро намефаҳманд ва ба фаҳмидани он наздик ҳам намешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 2/252
الترجمة الطاجيكية
أَيۡنَمَا تَكُونُواْ يُدۡرِككُّمُ ٱلۡمَوۡتُ وَلَوۡ كُنتُمۡ فِي بُرُوجٖ مُّشَيَّدَةٖۗ وَإِن تُصِبۡهُمۡ حَسَنَةٞ يَقُولُواْ هَٰذِهِۦ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِۖ وَإِن تُصِبۡهُمۡ سَيِّئَةٞ يَقُولُواْ هَٰذِهِۦ مِنۡ عِندِكَۚ قُلۡ كُلّٞ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِۖ فَمَالِ هَـٰٓؤُلَآءِ ٱلۡقَوۡمِ لَا يَكَادُونَ يَفۡقَهُونَ حَدِيثٗا
Дар ҷо, ки бошед, агарчӣ дар ҳисорҳои сахт устувор бошед, марг шуморо дармеёбад. Ва агар хайре ба онҳо расад, мегӯянд, ки аз ҷониби Худо буд ва агар шарре ба онҳо расад, мегӯянд, ки аз ҷониби ту буд. Бигӯ: «Ҳама аз ҷониби Худост». Чӣ бар сари ин қавм омадааст, ки ҳеҷ суханеро намефаҳманд?
Tajik - Tajik translation