Онон [назди ту] мегӯянд: "Фармонбардорем", вале чун аз ҳузурат берун мераванд, гурӯҳе аз онон шабона чизе ҷуз он чи ту гуфтаӣ, тадбир мекунанд ва Аллоҳ таоло ҳар чиро, ки шабона дар сар мепарваранд, сабт мекунад. Пас, аз онон рӯй бигардон ва бар Аллоҳ таоло таваккал кун ва ҳамин бас, ки Аллоҳ таоло [муроқибу] коргузор [-и ту] бошад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
81. Вақте ки пеши ту бошанд, -эй Паёмбар- изҳори итоъат мекунанд. Ва ҳангоме ки
аз пеши ту берун раванд ва танҳо бошанд, дар шаб ва дар пинҳонӣ чораҳоеро меандешиданд, ки бар хилофи суханони ту буд(1). Аллоҳ чораҳоеро, ки дар шаб меандешанд, менависад ва онҳоро ба таври комил бар он ҷазо хоҳад дод. Бинобар ин аз онҳо рӯй бигардон ва бар Аллоҳ таваккал кун ва кофӣ аст, ки Аллоҳ сарпараст ва ҳофизи ту бошад.
____________________
1. Яъне, бар муқобили ту чораи бад меандешанд

الترجمة الطاجيكية
وَيَقُولُونَ طَاعَةٞ فَإِذَا بَرَزُواْ مِنۡ عِندِكَ بَيَّتَ طَآئِفَةٞ مِّنۡهُمۡ غَيۡرَ ٱلَّذِي تَقُولُۖ وَٱللَّهُ يَكۡتُبُ مَا يُبَيِّتُونَۖ فَأَعۡرِضۡ عَنۡهُمۡ وَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِۚ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ وَكِيلًا
Мегӯянд: «Фармонбардорем!» Ва чун аз назди ту берун шаванд, гурӯҳе аз онҳо ба шаб зндди он чӣ ту мегӯӣ, андешае дар дил мепарваранд. Ва Худо он чиро шаб дар хотир гирифтаанд, менависад. Пас, аз онҳо рӯй гардон ва бар Худой таваккал кун, ки Ӯ корсозиро кофист.
Tajik - Tajik translation