Ҳангоме ки хабаре аз эминӣ [ва пирӯзӣ] ё тарс [ва шикаст] ба онон мерасад, [бидуни ҳеҷ таҳқиқе] онро фош месозанд, ва [-ле] агар онро ба паёмбар ва фармондеҳонашон бозгардонанд, афроде аз онон, ки аҳли [фаҳму] истинбот ҳастанд, ҳатман, [маслиҳати эълом ё китмони ахборро беҳтар] медонанд. Ва [эй муъминон] агар фазлу раҳмати Аллоҳ таоло бар шумо набуд, ҷуз андаке [ҳамагӣ] аз шайтон пайравӣ мекардед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
83. Вақте кори муҳим ё манфиъати умумӣ, ки амният ва некии мӯъминонро дар худ дорад, ё тарсе, ки мусибатро бар онҳо ҳамроҳ дорад, пеш ояд, устувор бошанд.
Ва дар паҳн кардани ин хабар шитоб наварзанд. Балки онро ба паёмбар ва улуламри худ гардонанд, ҳамоно касоне дар миёни онҳо вуҷуд доштанд, ки метавонистанд дуруст ё ғалат будани онро дарёбанд. Ва агар фазл ва раҳмати Аллоҳ бар шумо намебуд, ба ҷуз андаке ҳама албатта шайтонро пайравӣ мекардед.

الترجمة الطاجيكية
وَإِذَا جَآءَهُمۡ أَمۡرٞ مِّنَ ٱلۡأَمۡنِ أَوِ ٱلۡخَوۡفِ أَذَاعُواْ بِهِۦۖ وَلَوۡ رَدُّوهُ إِلَى ٱلرَّسُولِ وَإِلَىٰٓ أُوْلِي ٱلۡأَمۡرِ مِنۡهُمۡ لَعَلِمَهُ ٱلَّذِينَ يَسۡتَنۢبِطُونَهُۥ مِنۡهُمۡۗ وَلَوۡلَا فَضۡلُ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ وَرَحۡمَتُهُۥ لَٱتَّبَعۡتُمُ ٱلشَّيۡطَٰنَ إِلَّا قَلِيلٗا
Ва чун хабаре, чӣ эминӣ ва чӣ тарс ба онҳо расад, онро дар ҳама ҷо фош мекунанд. Ва ҳол он ки агар дар он ба паёмбар ва пешвоёнашон руҷӯъ мекарданд, ҳақиқати корро аз онок дармеёфтанд, Ва агар фазлу раҳмати Худо набуд, ҷуз акдаке ҳамагон ба шайтон пайравӣ мекардед.
Tajik - Tajik translation