Ва калидҳо [ганҷинаҳо]-и ниҳон назди Ӯст [ва] ҷуз Ӯ [ҳеҷ кас] онро намедонад ва [Ӯст, ки] он чиро дар хушкӣ ва дарёст медонад ва ҳеҷ барге [аз дарахт] намеафтад, магар ин ки онро медонад ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тару хушке нест, магар ин ки дар китоби равшан [Лавҳи маҳфуз] қарор дорад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
59. Ва калидҳои ғайб назди Ӯст. Ҷуз Ӯ касеро аз ғайб огоҳӣ нест. Ҳар чиро, ки дар хушкиву дарёст, медонад. Ҳеҷ барге аз дарахте намеафтад, магар он ки аз он огоҳ аст. Ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тариву хушке нест (яъне он чизе, ки мерӯяд ва намерӯяд), магар он ки дар китоби равшан (яъне Лавҳи Маҳфуз) навишта шудааст. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/151
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/151
الترجمة الطاجيكية
۞وَعِندَهُۥ مَفَاتِحُ ٱلۡغَيۡبِ لَا يَعۡلَمُهَآ إِلَّا هُوَۚ وَيَعۡلَمُ مَا فِي ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِۚ وَمَا تَسۡقُطُ مِن وَرَقَةٍ إِلَّا يَعۡلَمُهَا وَلَا حَبَّةٖ فِي ظُلُمَٰتِ ٱلۡأَرۡضِ وَلَا رَطۡبٖ وَلَا يَابِسٍ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مُّبِينٖ
Калидҳои ғайб назди Ӯст. Ғайри Ӯ касеро аз ғайб огоҳӣ кест. Ҳар чиро, ки дар хушкиву дарёст, медонад. Ҳеҷ барге аз дарахте намеафтад, магар он ки аз он огоҳ аст, Ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тареву хушке нест, ҷуз он ки дар китоби мубин Лавҳул маҳфуз омада аст.
Tajik - Tajik translation