ترجمة سورة الزلزلة

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة الزلزلة باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

Ҳангоме ки замин бо шадидтарин таконҳояш ба ларза дарояд
Ва замин борҳои сангинашро берун резад
Ва инсон мегӯяд: «Он [замин]-ро чӣ шудааст?»
Дар он рӯз [замин] тамоми хабарҳояшро бозгӯ мекунад
Зеро Парвардигорат ба ӯ [чунин] ваҳй [ва ҳукм] кардааст
Дар он рӯз мардум гурӯҳ-гурӯҳ бозмегарданд, то [натиҷаи] аъмолашон ба онон нишон дода шавад
Пас, ҳар кас ба андозаи заррае кори нек анҷом дода бошад, [подоши] онро мебинад
Ва ҳар кас ба андозаи заррае кори бад карда бошад, [кайфари] онро мебинад
Icon