Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи Ӯст. Ваъдаи Аллоҳ таоло [дар мавриди қиёмат] ҳақ аст. Ӯст, ки офаринишро оғоз мекунад, он гоҳ [пас аз марг] онро бозмегардонад,то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба адолат подош диҳад, касоне, ки куфр варзиданд, ба сазои онки кофир буданд, шарбате аз оби ҷӯшон ва азоби дарднок [дар пеш] доранд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
4. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ӯст. Ин ба яқин ваъдаи Аллоҳ аст. Ӯст офариниши махлуқотро оғоз мекунад, сипас онро ба ҳайати аввал бозгардонад, то касонеро, ки имон оварда ва кори шоиста кардаанд, аз рӯи адл мукофот диҳад. Ва кофиронро ба ҷазои куфрашон шаробест аз оби ҷӯшон, ки рӯй ва меъдаҳоро пора-пора мекунад ва азоби дардоварест ба сабаби куфрашон.
الترجمة الطاجيكية
إِلَيۡهِ مَرۡجِعُكُمۡ جَمِيعٗاۖ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقًّاۚ إِنَّهُۥ يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ لِيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ بِٱلۡقِسۡطِۚ وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَهُمۡ شَرَابٞ مِّنۡ حَمِيمٖ وَعَذَابٌ أَلِيمُۢ بِمَا كَانُواْ يَكۡفُرُونَ
Бозгашти ҳамаи шумо ба Ӯст. Ин барҳақ ваъдаи Худост. Ӯ махлуқотро биёфаринад. Он гоҳ ононро ба сӯи худ бозгардонад, то касонеро, ки имон оварда ва кори шоиста кардаанд, аз рӯи адл мукофот диҳад. Ва кофиронро ба ҷазои куфрашон шаробест аз оби ҷушону азобест дардовар.
Tajik - Tajik translation