[Эй паёмбар] Достони Нуҳро бар онон бозгӯ, он гоҳ ки бар қавмаш гуфт: «Эй қавми ман, агар монанди ман [дар миёни шумо] ва андарз додан ба оёти Аллоҳ таоло бар шумо гарон омадааст, [бидонед, ки ман] бар Аллоҳ таоло таваккал кардааам, пас, [дар тавтеа ва] коратон бо шарикони худ [алайҳи ман] ҳамдаст шавед ва дар коратон пардапӯшӣ накунед,он гоҳ [ҳар чи дар дил доред ва метавонед] алайҳи ман ба кор бандед ва муҳлатам надиҳед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
71. Барои куффори Макка қиссаи Нӯҳро бихон, он гоҳ ки ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, агар истодани ман дар миёни шумо ва
ёдоварии оёти Аллоҳ бар шумо гарон меояд, ман бар Аллоҳ таваккал намудаам. Пас, дар кори худ ҳамроҳи бутҳоятон азм кунед, чунон ки ягон чиз аз коре, ки мекунед, бар шумо пӯшида набошад (яъне, бемалол ва ошкоро якҷоя бо бутҳо кор гиред, ман парвое надорам) ва он чиро мехоҳед дар ҳаққи ман анҷом диҳед ва маро мӯхлат надиҳед!

الترجمة الطاجيكية
۞وَٱتۡلُ عَلَيۡهِمۡ نَبَأَ نُوحٍ إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦ يَٰقَوۡمِ إِن كَانَ كَبُرَ عَلَيۡكُم مَّقَامِي وَتَذۡكِيرِي بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ فَعَلَى ٱللَّهِ تَوَكَّلۡتُ فَأَجۡمِعُوٓاْ أَمۡرَكُمۡ وَشُرَكَآءَكُمۡ ثُمَّ لَا يَكُنۡ أَمۡرُكُمۡ عَلَيۡكُمۡ غُمَّةٗ ثُمَّ ٱقۡضُوٓاْ إِلَيَّ وَلَا تُنظِرُونِ
Барояшон достони Нӯҳро бихон, он гоҳ, ки ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, агар истодани ман дар миёни шумо ва ёдоварии оёти Худо бар шумо гарон меояд, ман бар Худо таваккал мекунам, корубори худ ва бутонатонро гирд оваред, чунон ки ҳеҷ чиз аз коре, ки мекунед, бар шумо пӯшида набошад ва ба душмании ман қадам ба пеш ниҳед ва маро мӯҳлат надиҳед!
Tajik - Tajik translation