[Эй мушрикон] Аллоҳ таоло барои шумо аз худатон мисоле меоварад: «Оё аз бардагонатон касе ҳаст, ки дар амволе ба шумо додаем, шарикатон бошад, чунон ки ҳар ду [дар бархӯрдорӣ аз он амвол] яксон бошед ва ҳамон тавр ки [ба хотири тасарруфи мол] аз якдигар бим доред, аз онон низ бим дошта бошед? [Ҳол ки чунин нест, пас, чаро бандагон ва махлуқоти Аллоҳро бо Ӯ шарик медонед]? Мо оятамонро барои касоне, ки меандешанд, ин чунин ба равшани баён мекунем
الترجمة الطاجيكية - عارفي
28. Аллоҳ бароятон эй мушрикон, аз худатон масале задааст: Оё бандагонатон (ғуломонатон) дар он чӣ ба шумо ризқу рӯзӣ додаем, бо шумо шарик ҳастанд, то шумо дар он баробар бошед, ҳамон гуна, ки шумо аз шарикони озоди худ бим доред,
аз онҳо ҳам бим дошта бошед?! Ҳақиқатан, ҳаргиз шумо ба ин тақсимот розӣ намешавед, пас, чӣ гуна розӣ мешавед, ки барои Аллоҳ касеро аз махлуқаш шарик меоред. Инчунин оётро барои гурӯҳе, ки хирад меварзанд, ба равшанӣ баён мекунем.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\640
аз онҳо ҳам бим дошта бошед?! Ҳақиқатан, ҳаргиз шумо ба ин тақсимот розӣ намешавед, пас, чӣ гуна розӣ мешавед, ки барои Аллоҳ касеро аз махлуқаш шарик меоред. Инчунин оётро барои гурӯҳе, ки хирад меварзанд, ба равшанӣ баён мекунем.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\640
الترجمة الطاجيكية
ضَرَبَ لَكُم مَّثَلٗا مِّنۡ أَنفُسِكُمۡۖ هَل لَّكُم مِّن مَّا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُم مِّن شُرَكَآءَ فِي مَا رَزَقۡنَٰكُمۡ فَأَنتُمۡ فِيهِ سَوَآءٞ تَخَافُونَهُمۡ كَخِيفَتِكُمۡ أَنفُسَكُمۡۚ كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ
Барои шумо аз худатон мисоле меоварад: магар бандагонатон дар он чӣ ба шумо рӯзӣ додаем, бо шумо шарик ҳастанд, то дар мол бо шумо баробар бошанд ва ҳамчунон ки шумо озодон аз якдигар метарсед, аз онҳо ҳам бимнок бошед? Оётро барои мардуме, кн ақл мекунанд, ин тавр тафсил медиҳем.
Tajik - Tajik translation