Ва [ононро лаънат кардаем ба хотири ин] суханашон, ки: "Мо Масеҳ – Исо писари Марям – паёмбари Аллоҳро куштем", дар ҳоле ки на ӯро куштанд ва на ба дор овехтанд, вале [амр] бар онон муштабаҳ шуд [ва мардеро, ки шабеҳи Исо буд, ба дор кашиданд] ва касоне, ки дар бораи ӯ ихтилоф карданд, ҳатман, дар борааш дучори тардиданд ва ҳеҷ илме бад-он надоранд, магар он ки аз гумон пайравӣ мекунанд ва яқинан, ӯро накуштанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
157. Ва низ ба он сабаб, ки гуфтанд: «Мо Масеҳ (Исо алайҳиссалом), писари Марям, паёмбари Аллоҳро куштем». Ва ҳол он, ки онон Масеҳро накуштанд ва бар дор наовехтанд, балки ин амр барояшон монанд шуд (яъне, онон шахсеро ба монанди Исо куштанд), ҳамоно ки дар бораи ӯ ихтилоф мекарданд (яҳуду насоро), худ дар шакку шубҳа буданд ва ба он боварӣ надоштанд. Танҳо пайрави гумони худ буданд ва Исоро дар воқеъ накуштаанд,
الترجمة الطاجيكية
وَقَوۡلِهِمۡ إِنَّا قَتَلۡنَا ٱلۡمَسِيحَ عِيسَى ٱبۡنَ مَرۡيَمَ رَسُولَ ٱللَّهِ وَمَا قَتَلُوهُ وَمَا صَلَبُوهُ وَلَٰكِن شُبِّهَ لَهُمۡۚ وَإِنَّ ٱلَّذِينَ ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِ لَفِي شَكّٖ مِّنۡهُۚ مَا لَهُم بِهِۦ مِنۡ عِلۡمٍ إِلَّا ٱتِّبَاعَ ٱلظَّنِّۚ وَمَا قَتَلُوهُ يَقِينَۢا
ва низ ба он сабаб, ки гуфтанд; Мо Масеҳ — писари Марям -- паёмбари Худоро куштем». Ва ҳол он, ки онон Масеҳро накуштанд ва бар дор накарданд, балки кор барояшон монанд шуд. Албатта онҳо, ки дар бораи ӯ ихтилоф мекарданд, худ дар шакку шубҳа буданд ва ба он яқин надоштанд. Танҳо пайрави гумони худ буданд ва Исоро ба яқин накушта буданд,
Tajik - Tajik translation