Масеҳ ва фариштагони муқарраб ҳаргиз [сар намепечанд ва] ибо надоранд, аз ин ки бандаи Аллоҳ таоло бошанд. Ва ҳар ки аз парастиши Ӯ сарпечӣ кунад ва такаббур варзад, ҳамаи ононро [барои ҳисобрасӣ] назди хеш ҷамъ хоҳад кард
الترجمة الطاجيكية - عارفي
172. Исои Масеҳ ҳаргиз аз он ки яке аз бандагони Аллоҳ бошад, нафрат надошт ва малоикаҳои муқарраб низ аз ин нафрат надоранд. Ҳар кӣ аз парастиши (ибодати) Аллоҳ нафрат кунад ва такаббурона саркашӣ кунад, бидонад, ки Аллоҳ ҳама (нафраткунандагон, мутакаббирон ва бандагони муъмин)-ро дар назди худ ҷамъ хоҳад сохт, то дар байни онон ҳукми сазоворе кунад. Ва ҳар киро дар баробари амалаш ҷазои муносиб хоҳад дод. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/216
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/216
الترجمة الطاجيكية
لَّن يَسۡتَنكِفَ ٱلۡمَسِيحُ أَن يَكُونَ عَبۡدٗا لِّلَّهِ وَلَا ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ ٱلۡمُقَرَّبُونَۚ وَمَن يَسۡتَنكِفۡ عَنۡ عِبَادَتِهِۦ وَيَسۡتَكۡبِرۡ فَسَيَحۡشُرُهُمۡ إِلَيۡهِ جَمِيعٗا
Масеҳ нанг надошт, ки яке аз бандагони Худо бошад ва малоикаи муқарраб низ нанг надоранд. Ҳар кӣ аз парастиши Худованд рӯй гардонад, ва саркашӣ кунад, бидонад, ки Худо ҳамаро дар назди худ маҳшур (ҳамсӯҳбат) хоҳад сохт.
Tajik - Tajik translation