Ва ҳар як аз шумо аз лиҳози молӣ тавоноии издивоҷ бо занони озодаи муъминро надорад, пас, бо канизакони боимоне, ки дар ихтиёри шумо [ё дигар мусулмонон] ҳастанд [издивоҷ кунад]. Ва Аллоҳ таоло ба имонатон донотар аст. [Шумо ва онон] Ҳамагӣ аз ҷинси якдигаред [ва бо якдигар баробаред], пас, бо иҷозати сарпарасташон бо онон издивоҷ кунед ва маҳрияҳояшонро ба таври писандида ба эшон бидиҳед, [ба шарти он ки] покдоман бошанд на зинокор ва на [дар зумраи] касоне, ки пинҳонӣ [барои худ] дӯст мегиранд. Он гоҳ чун издивоҷ карданд, агар муртакиби зино шуданд, пас, муҷозоташон [панҷоҳ тозиёна, яъне] нисфи муҷозоти занони озод аст. Ин [иҷозати издивоҷ бо канизон] барои касе аз шумост, ки аз олоиш ба гуноҳ битарсад, ва [-ле дар мавриди издивоҷ бо канизон] агар шикебоӣ [ва покдоманӣ] пеша кунед, бароятон беҳтар аст ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
25. Ва агар касе аз шумо тавоноӣ надошт бо занони озоди мӯъмин издивоҷ кунад, пас бо канизони мӯъмин издивоҷ кунад ва Аллоҳ ба имони шумо огоҳ аст, баъзе аз шумо аз баъзеи дигар ҳастед, пас бо иҷозати соҳибонашон
бо онҳо издивоҷ кунед ва маҳрашонро ба таври шоиста бипардозед. Канизонеро барои издивоҷ интихоб кунед, ки покдоман бошанд ва ошкор муртакиби зино нашаванд ва дӯстони номашрӯъ (бегона) ва пинҳонӣ барои худ ихтиёр накунанд ва агар пас аз издивоҷ муртакиби зино шуданд, ҷазои онҳо нисфи ҷазои занони озода аст ва он ҷазо дарра аст. Дар ҳолати издивоҷ карда натавонистан ба занҳои озод издивоҷ ба канизон барои касе аст, ки аз фасод битарсад ва агар сабр кунед, бароятон беҳтар аст ва Аллоҳ бахшандаву меҳрубон аст.

الترجمة الطاجيكية
وَمَن لَّمۡ يَسۡتَطِعۡ مِنكُمۡ طَوۡلًا أَن يَنكِحَ ٱلۡمُحۡصَنَٰتِ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ فَمِن مَّا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُم مِّن فَتَيَٰتِكُمُ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتِۚ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِإِيمَٰنِكُمۚ بَعۡضُكُم مِّنۢ بَعۡضٖۚ فَٱنكِحُوهُنَّ بِإِذۡنِ أَهۡلِهِنَّ وَءَاتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ بِٱلۡمَعۡرُوفِ مُحۡصَنَٰتٍ غَيۡرَ مُسَٰفِحَٰتٖ وَلَا مُتَّخِذَٰتِ أَخۡدَانٖۚ فَإِذَآ أُحۡصِنَّ فَإِنۡ أَتَيۡنَ بِفَٰحِشَةٖ فَعَلَيۡهِنَّ نِصۡفُ مَا عَلَى ٱلۡمُحۡصَنَٰتِ مِنَ ٱلۡعَذَابِۚ ذَٰلِكَ لِمَنۡ خَشِيَ ٱلۡعَنَتَ مِنكُمۡۚ وَأَن تَصۡبِرُواْ خَيۡرٞ لَّكُمۡۗ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
Ҳар касро, ки тавонгарӣ набошад, то озодзанони мӯъминаро ба никоҳи худ дароварад, аз канизони мӯъминае, ки молнки онҳо ҳастед, ба занӣ гиред. Ва Худо ба имони шумо огоҳтар аст. Ҳама аз ҷинси якдигаред. Пас бандагонро ба изни соҳи бонашон никоҳ кунед ва маҳрашонро ба тарзи шоистае бидиҳед. Ва бояд, ки покдоман бошанд на зинокор ва на аз онҳо, ки ба пинҳон дӯст мегиранд. Ва чун шавҳар карданд, ҳар гоҳ муртакиби фаҳшо шаванд, шиканҷаи онон нисфи шиканҷаи озодзанон аст. Ва ин барои касонест аз шумо, ки бим доранд, ки ба гуноҳ афтанд. Бо ин ҳама агар сабр кунед, бароятон беҳтар аст ва Худо омурзандаву меҳрубон аст.
Tajik - Tajik translation