Ва агар тарсидед, ки [ба хотири костан аз маҳрия ё бадрафторӣ] натавонед адолатро дар ҳаққи духтарони ятим риоя намоед, [аз издивоҷ бо онон сарфи назар кунед ва] аз занон [-и дигар]-е, ки мавриди писанди шумост, [як ё] ду ва [ё] се ва [ё] чаҳор танро ба ҳамсарӣ дароваред. Пас, агар бим доред, ки натавонед адолат кунед, ба як [зан] ё ба он чи [аз канизон], ки молики онҳоед [иктифо намоед]. Ин [кор] наздиктар аст ба ин, ки ситам накунед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
3.Ва агар тарсидед, ки адл натавонед кард дар бораи ятимдухтароне, ки зери сарпарастии шумо қарор доранд, пас бо занони дигаре, ки дӯст доред, издивоҷ кунед бо ду ё се ё чор. Пас агар тарсидед, ки наметавонед адлро ба ҷой оваред, пас бояд ба як зан кифоят кунед ва ё бо канизаконатон издивоҷ кунед, ин наздиктараст, ки ситам накунед.
الترجمة الطاجيكية
وَإِنۡ خِفۡتُمۡ أَلَّا تُقۡسِطُواْ فِي ٱلۡيَتَٰمَىٰ فَٱنكِحُواْ مَا طَابَ لَكُم مِّنَ ٱلنِّسَآءِ مَثۡنَىٰ وَثُلَٰثَ وَرُبَٰعَۖ فَإِنۡ خِفۡتُمۡ أَلَّا تَعۡدِلُواْ فَوَٰحِدَةً أَوۡ مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُمۡۚ ذَٰلِكَ أَدۡنَىٰٓ أَلَّا تَعُولُواْ
Агар шуморо бими он аст, ки дар кори ятимон адолат накунед, аз занон ҳар чӣ шуморо писанд афтад, ду-ду ва се-се ва чаҳор-чаҳор ба никоҳ, дароваред. Ва агар бими он доред, ки ба адолат рафтор накунед, танҳо як зан бигиред ё ҳар чӣ молики он шавед. Ин роҳе беҳтар аст то ки зулму ситам накунед.
Tajik - Tajik translation