Онон [мунофиқон] орзу мекунанд, ки шумо низ ҳамчун эшон куфр биварзед, то бо ҳам баробар шавед. Пас, ҳеҷ як аз ононро ба дӯстӣ нагиред, магар он ки [мусулмон шаванд ва] дар роҳи Аллоҳ таоло ҳиҷрат кунанд. Пас, агар аз [ислом ва ҳиҷрат] рӯй бартофтанд [ва рафторашонро идома доданд], ҳар ҷо ки онҳоро ёфтед, дастгирашон кунед ва бикушедашон ва аз онон дӯсту ёваре ихтиёр накунед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
89. Мунофиқон дӯст доранд, ки шумо монанди онҳо кофир шавед. Агар шумо ҳақиқати он чиро ки дилҳоятон тасдиқ намуда буд, инкор кунед, мисли он ки дилҳои онҳо инкор кардаанд, он гоҳ шумо ва онҳо баробар мешавед. Пас аз онҳо барои худ дӯстон нагиред, магар ки дар роҳи Аллоҳ ҳиҷрат кунанд ва ин далел бар сидқи имони онҳо аст. Пас агар рӯй гардонанд, онҳоро бигиред ва ҳар куҷо ки ёфтед, бикушед ва аз онҳо дӯст ва ёридиҳандае нагиред.
الترجمة الطاجيكية
وَدُّواْ لَوۡ تَكۡفُرُونَ كَمَا كَفَرُواْ فَتَكُونُونَ سَوَآءٗۖ فَلَا تَتَّخِذُواْ مِنۡهُمۡ أَوۡلِيَآءَ حَتَّىٰ يُهَاجِرُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۚ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَخُذُوهُمۡ وَٱقۡتُلُوهُمۡ حَيۡثُ وَجَدتُّمُوهُمۡۖ وَلَا تَتَّخِذُواْ مِنۡهُمۡ وَلِيّٗا وَلَا نَصِيرًا
Дӯст доранд ҳамчунон, ки худ ба роҳи куфр мераванд, шумо низ кофир шавед, то баробар гардед. Пас бо ҳеҷ як аз онон дӯстӣ макунед, то он гоҳ ки дар роҳи Худо муҳоҷират кунанд. Ва агар рӯй гардонанд, дар ҳар ҷо ки онҳоро биёбед, бигиреду бикушед ва ҳеҷ як аз онҳоро ба дӯстиву ёрӣ интихоб накунед.
Tajik - Tajik translation