Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки дар роҳи Аллоҳ таоло [барои ҷиҳод] раҳсипор шудед, [паҳлуҳои корро хуб] баррасӣ кунед ва ба касе, ки изҳори сулҳу ислом намуд, нагӯед: "Ту муъмин нестӣ", то [битавонед ӯро бикушед ва ғаноиму] сармояи нопойдори дунёро ба даст оваред, зеро ғаниматҳои бисёре [барои шумо] назди Аллоҳ таоло аст. Шумо низ қаблан ин чунин будед [ва имонатонро пинҳон мекардед], сипас Аллоҳ таоло бар шумо миннат ниҳод [ва ҳидоят шудед]. Бинобар ин, ба дурустӣ баррасӣ кунед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
94. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаед ва амал ба шариъати Ӯ доред! Вақте дар роҳи Аллоҳ ба мусофират рафтед, таҳқиқ кунед. Ва ба касе, ки ба шумо бо салом (яъне, калимаи Ло илоҳа иллаллоҳ) муроҷиат мекунад ва бо шумо намеҷангад, эҳтимол ин ки мӯъмин аст, ки имонашро пинҳон кардааст, нагуед, ки ту мӯъмин нестӣ, то ба ин тариқ матоъи зиндагонии дунёро биҷӯед. Пас назди Аллоҳ ғаниматҳои зиёде аст, ки шумо ҳам пеш аз ин чунин будед, дар ибтидои ислом имони худро аз мушрикони қавматон пинҳон медоштед, вале Аллоҳ бар шумо миннат ниҳод. Ва шуморо ба имон ва қувват азиз гардонд. Пас корҳоятонро дониста таҳқиқ кунед, ҳамоно Аллоҳ ба он чи мекунед, огоҳ аст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 2/269
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 2/269
الترجمة الطاجيكية
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا ضَرَبۡتُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ فَتَبَيَّنُواْ وَلَا تَقُولُواْ لِمَنۡ أَلۡقَىٰٓ إِلَيۡكُمُ ٱلسَّلَٰمَ لَسۡتَ مُؤۡمِنٗا تَبۡتَغُونَ عَرَضَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا فَعِندَ ٱللَّهِ مَغَانِمُ كَثِيرَةٞۚ كَذَٰلِكَ كُنتُم مِّن قَبۡلُ فَمَنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡكُمۡ فَتَبَيَّنُوٓاْۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٗا
Эй касоне, ки имон овардаед, чун барои ҷиҳод раҳсипор шавед, нек тафаҳҳус (санҷиш) кунед. Ва ба он кас, ки ба, р шумо салом гӯяд, магӯед, ки мӯъмин нести. Шумо бархӯрдорӣ аз зиндагии дунёро меҷӯед ва ҳол он ки ғаниматҳои бисёр назди Худост. Шумо пеш аз ин чунон будед, вале Худо бар шумо миннат ниҳод. Пас санҷиш кунед, ки Худо бар амалҳоятон огоҳ аст!
Tajik - Tajik translation