Ва ба ин гуна дар ҳар шаҳре бузургони гунаҳкорашро мегуморем, то дар он ба найранг бипардозанд [ва мардумро аз роҳи Аллоҳ таоло боздоранд], ва [-ле] онон ҷуз ба худ найранг намезананд ва [ин ҳақиқатро] дарк намекунанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
123. Ва чунон ки бо бузургони Макка рӯй дод, ки пеши роҳи дини Аллоҳро гирифтанд ва ба ин тавр дар ҳар деҳае гунаҳкоронашонро бузургонашон қарор додем, то дар он ҷо ба боз доштани дини Аллоҳ макр кунанд, вале намедонанд, ки фақат барои худ макр мекунанд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/185
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/185
الترجمة الطاجيكية
وَكَذَٰلِكَ جَعَلۡنَا فِي كُلِّ قَرۡيَةٍ أَكَٰبِرَ مُجۡرِمِيهَا لِيَمۡكُرُواْ فِيهَاۖ وَمَا يَمۡكُرُونَ إِلَّا بِأَنفُسِهِمۡ وَمَا يَشۡعُرُونَ
Ва ба ин тавр дар ҳар деҳае гунаҳкоронашонро бузургонашон қарор додем, то дар он ҷо макр кунанд, вале намедонанд, ки ҷуз бо худ макр намеварзанд.
Tajik - Tajik translation