Ва гуфтанд: «Он чи дар шиками ин ҷаҳорпоён аст, [агар зинда мутавалид шавад] ба мардони мо ихтисос дорад ва бар ҳамсаронамон ҳаром шудааст, ва [-ле] агар [ҷанин] мурда бошад, ҳамаи онон [аз зану мард] дар он шариканд. Ба зудӣ [Аллоҳ таоло] ононро ба сазои ин тавсифашон кайфар хоҳад дод. Ба ростӣ, ки Ӯ ҳакими доност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
139. Ва (мушрикон) гуфтанд: «Он чӣ дар шиками ин чорпоён аст, агар зинда таваллуд шавад барои мардони мо ҳалол ва барои занонамон ҳаром аст». (1) Ва агар худмурда бошад, зану мард дар он шариканд. Аллоҳ ба сабаби ин гуфтор ҷазояшон хоҳад кард. Албатта Ӯ ҳакиму доност!
____________________
1. Яъне барои мардон нӯшидани шири онҳоро ҳалол ва барои занҳо ҳаром медонистанд. Ва низ агар гӯсфанд нар таваллуд кунад, онро забҳ мекарданд ва бар занон вайро ҳаром меҳисобиданд ва агар мода таваллуд кунад, ба ҳолаш мегузоштанд. Тафсири Ибни Касир 3\346

الترجمة الطاجيكية
وَقَالُواْ مَا فِي بُطُونِ هَٰذِهِ ٱلۡأَنۡعَٰمِ خَالِصَةٞ لِّذُكُورِنَا وَمُحَرَّمٌ عَلَىٰٓ أَزۡوَٰجِنَاۖ وَإِن يَكُن مَّيۡتَةٗ فَهُمۡ فِيهِ شُرَكَآءُۚ سَيَجۡزِيهِمۡ وَصۡفَهُمۡۚ إِنَّهُۥ حَكِيمٌ عَلِيمٞ
Ва гуфтанд: «Он чӣ дар шиками ин чорпоён аст, барои мардони мо ҳалол ва барои занонамон ҳаром аст». Ва агар мурдор бошад, зану мард дар он шариканд. Худо ба сабаби ин гуфтор ҷазояшон хоҳад кард. Албатта Ӯ ҳакиму доност!
Tajik - Tajik translation