Ва Ӯ бар бандагонаш чира аст ва нигаҳбононе [аз фариштагон] бар шумо мефиристад, то замоне, ки марги яке аз шумо фаро расад, фиристодагони мо [бо ҳамроҳи фариштаи марг] ҷонашро мегиранд ва онон [дар маъмурияти худ] кӯтоҳӣ намекунанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
61. Ва Ӯст ғолиб болои бандагонаш ва ҳама чиз барои Ӯ сар фурӯорандаанд ва мефиристонад ба шумо фариштагони нигаҳбонро, ки менависанд аъмоли шуморо то дами марг ва чун аҷалаш расид, қабзи рӯҳи ӯ кунанд фариштагони Мо (яъне Малакулмавт ва ёваронаш) ва фариштагон дар ин бобат бе ҳеҷ кӯтоҳиву гузаште ҷони ӯ бигиранд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/151
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/151
الترجمة الطاجيكية
وَهُوَ ٱلۡقَاهِرُ فَوۡقَ عِبَادِهِۦۖ وَيُرۡسِلُ عَلَيۡكُمۡ حَفَظَةً حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَحَدَكُمُ ٱلۡمَوۡتُ تَوَفَّتۡهُ رُسُلُنَا وَهُمۡ لَا يُفَرِّطُونَ
Ӯст ғолиб дар болои бандагонаш. Нигаҳбононе бар шумо мефиристад, то чун яке аз шуморо марг фаро расад, фиристодагони Мо бе ҳеҷ кӯтоҳиву гузаште ҷони ӯ бигиранд.
Tajik - Tajik translation