Бигӯ: «Ӯ тавоност, ки бар шумо азобе [ҳамчун соиқа ва тӯфон] аз болои саратон ё [ҳамчун хушксолӣ ва зилзила] аз зери пойҳоятон бифиристад ё шуморо ба сурати гурӯҳҳои пароканда [ва ҷудо аз ҳам] дароварад ва азоби бархе аз шуморо ба бархе [дигар] бичашонад». Бингар чигуна оёт [-и худ]-ро гуногун баён мекунем, бошад, ки дарёбанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
65. Бигӯ (эй Паёмбар): «Ӯ қодир бар он ҳаст, ки аз болои саратон азобе чун тӯфону шамол ё аз зери пойҳоятон заминҷунбӣ ва фурӯ бурдан бар шумо бифиристад ё шуморо гурӯҳ-гурӯҳ дар ҳам афканад ва хашму кинаи гурӯҳеро ба гурӯҳи дигар бичашонад». Бингар, ки оётро чӣ гуна гуногун баён мекунем. Бошад, ки ба фаҳм дарёбанд ин Қуръонро ва аз он панд гиранд! (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/153
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/153
الترجمة الطاجيكية
قُلۡ هُوَ ٱلۡقَادِرُ عَلَىٰٓ أَن يَبۡعَثَ عَلَيۡكُمۡ عَذَابٗا مِّن فَوۡقِكُمۡ أَوۡ مِن تَحۡتِ أَرۡجُلِكُمۡ أَوۡ يَلۡبِسَكُمۡ شِيَعٗا وَيُذِيقَ بَعۡضَكُم بَأۡسَ بَعۡضٍۗ ٱنظُرۡ كَيۡفَ نُصَرِّفُ ٱلۡأٓيَٰتِ لَعَلَّهُمۡ يَفۡقَهُونَ
Бигӯ; «Ӯ қодир ба он аст, ки аз болои саратон ё аз зери поҳоятон азобе бар шумо бифиристад ё шуморо гурӯҳ-гурӯҳ ба ҳам биомезад ва хашму қини гурӯҳеро ба гурӯҳи дигар бичашонад». Бингар, ки оётро чӣ гуна гуногун баён мекунем. Бошад ки ба фаҳм дарёбанд!
Tajik - Tajik translation