Ва пероҳани ӯро бо хуни дурӯғине [барои Яъқуб] оварданд. [Ӯ] Гуфт: «[Чунин нест] Балки [ҳавои] нафси шумо коре [ношоиста]-ро бароятон оростааст, пас, сабре наку [бароям беҳтар аст] ва Аллоҳ таоло дар [мавриди] он чи мегӯед, ёригар [-и ман] аст»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
18. Ва ҷомаашро, ки ба хуни дурӯғин оғӯшта буд, оварданд, то бар дурӯғашон ҳуҷҷате шавад. Яъқуб алайҳиссалом ба фарзандонаш гуфт: «Нафси бади шумо кореро дар назаратон биёростааст, ки бо Юсуф чунин кардаед. Акнун барои ман сабри ҷамил (сабре, ки шикоят надошта бошад) беҳтар аст ва бар он чи шумо баён мекунед, Аллоҳ мададгори ман аст».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\394
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\394
الترجمة الطاجيكية
وَجَآءُو عَلَىٰ قَمِيصِهِۦ بِدَمٖ كَذِبٖۚ قَالَ بَلۡ سَوَّلَتۡ لَكُمۡ أَنفُسُكُمۡ أَمۡرٗاۖ فَصَبۡرٞ جَمِيلٞۖ وَٱللَّهُ ٱلۡمُسۡتَعَانُ عَلَىٰ مَا تَصِفُونَ
Ҷомаашро, ки ба хуни дурӯғин оғушта буд, оварданд, гуфт: «Нафси шумо кореро дар назаратон биёроста аст. Акнун барои ман сабри ҷамил беҳтар аст ва Худост, ки дар ин бора аз ӯ ёрӣ бояд хост».
Tajik - Tajik translation