[Яъқуб] Гуфт: «Ҳаргиз ӯро бо шумо нахоҳам фиристод, то бо ман ба номи Аллоҳ таоло паймони устуворе бибандед, ки ҳатман ӯро назди ман бозмеоваред, магар он ки гирифтор шавед [ва ҳеҷ як наҷот наёбед]. Пас, чун [аҳду] паймони устувори хеш ба ӯ доданд, [Яъқуб] гуфт: «Аллоҳ таоло бар он чи мегӯем, [гувоҳу] нигаҳбон аст»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
66. Гуфт Яъқуб (алайҳиссалом): «Ҳаргиз ӯро бо шумо намефиристам, то бо ман ба номи Аллоҳ паймоне бибандед ва ба номи Ӯ қасам хӯред, ки ӯро ба назди ман бозмегардонед. Магар он ки чизе бар сари шумо ояд ва ҳама гирифтор шавед ва тавоноии аз он халос шуданро надошта бошед». Пас, чун аҳди хешро доданд, гуфт (Яъқуб): «Аллоҳ бар он чӣ мегӯем, гувоҳ аст!»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\401
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\401
الترجمة الطاجيكية
قَالَ لَنۡ أُرۡسِلَهُۥ مَعَكُمۡ حَتَّىٰ تُؤۡتُونِ مَوۡثِقٗا مِّنَ ٱللَّهِ لَتَأۡتُنَّنِي بِهِۦٓ إِلَّآ أَن يُحَاطَ بِكُمۡۖ فَلَمَّآ ءَاتَوۡهُ مَوۡثِقَهُمۡ قَالَ ٱللَّهُ عَلَىٰ مَا نَقُولُ وَكِيلٞ
Гуфт: «Ҳаргиз ӯро бо шумо намефиристам, то бо ман ба номи Худо паймоне бибандед, ки назди манаш бозмеоваред. Магар он ки ҳама гирифтор шавед». Чун бо ӯ аҳд карданд, гуфт: «Худо бар он чӣ мегӯем, гувоҳ аст!»
Tajik - Tajik translation