Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон хонда мешавад, дар чеҳраи касоне, ки куфр варзидаанд, [осори кароҳат ва] нохушояндӣ мебинӣ. Наздик аст ба касоне, ки оёти Моро барояшон мехонанд, ҳамлавар шаванд. [Эй паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Оё шуморо ба бадтар аз ин [ки дар интизоратон аст] хабар диҳам? Оташ [-и дузах] аст, ки Аллоҳ таоло онро ба касоне, ки куфр варзиданд, ваъда додаст ва чи бад саранҷомест!»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
72. Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон хонда мешавад, дар чеҳраи кофирон нохӯширо мебинӣ, балки наздик аст ҳамла кунанд ба он касоне, ки оёти Моро бар онҳо мехонанд. Бигӯ эй Расул барояшон: «Оё шуморо бар чизе бадтар аз ин огоҳ кунам? Ҳамон оташи ҷаҳаннам аст, ки Аллоҳ онро бар касоне, ки имон наовардаанд, ваъда додааст ва оташ, бад саранҷомест!»
الترجمة الطاجيكية
وَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُنَا بَيِّنَٰتٖ تَعۡرِفُ فِي وُجُوهِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱلۡمُنكَرَۖ يَكَادُونَ يَسۡطُونَ بِٱلَّذِينَ يَتۡلُونَ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِنَاۗ قُلۡ أَفَأُنَبِّئُكُم بِشَرّٖ مِّن ذَٰلِكُمُۚ ٱلنَّارُ وَعَدَهَا ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ
Чун оёти равшангари Мо бар онон хонда шавад, нишони инкорро бар чеҳраи кофирон мешиносӣ чунон ки наздик бошад бар онон, ки оётро мехонанд, ҳамлавар шаванд. Бигӯ: «Оё шуморо ба чизе бадтар аз ин огоҳ кунам? Оташ. Худо онро бар касоне, ки имон наовардаанд, ваъда додааст ва оташ бад саранҷомест!»
Tajik - Tajik translation